Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ-МАШВАРАТИИ «ДУРАХШОН»

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ-МАШВАРАТИИ «ДУРАХШОН»

by admin
18 views

Бо дастури ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ имрӯз дар Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон” бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети филологияи хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани таълим ва омӯзиши забони англисӣ” бахшида ба амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гуламадшоев Шокир, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Сафарзода Манучеҳр, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Мизи мудавваро декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин оғоз намуда, ҳамзамон дар мавзуи “Student’s challenges in learning English” баромад намуданд.

Сипас, дотсент Гуламадшоев Шокир дар мавзуи “The several keys about treasure of speech and words in English language”, ассистенти кафедраи мазкур Яқубов Довуд дар мавзуи “How new technology helps us to increase aur skills” ва муаллими калони кафедра Сайдалиева Фотима дар мавзуи “Communicative effective in English” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар қайд гардид, ки дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур шуморида, ҷиҳати аз худ кардани онҳо пайваста дастуру ҳидоятҳои раҳнамосоз медиҳанд.

Дар охир миёни омӯзгорону донишҷӯён оид ба мавзуҳои барасишуда саволу ҷавоб доир гардид.

Related Articles

Leave a Comment