Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии «»Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба шумор меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «»Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир гардид.
Санаи 01.12.2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа донишҷӯи курси сеюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ — Абдулбосит Расулзода сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Абдулбосит Расулзода аз зумраи донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, дар аксар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намудаву ғолибият ба даст овардааст. Аз ҷумла ғолиби ҷойи 1-уми озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022 дар номинатсияи адабиёти классикӣ ва ғолиби ҷойи 1-уми озмуни Ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» дар соли 2023 мебошад.