Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ — АМАЛИ ИФРОТГАРОӢ

ТЕРРОРИЗМ — АМАЛИ ИФРОТГАРОӢ

by admin
110 views

Дар ин мақола хостем ба масъалаи ҷавонон, дунёи ботинии онҳо, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва сабабҳои гароиши баъзе аз онҳо ба гурӯҳои ифротгароӣ назар андӯзем ва баъзе ақидаҳои хешро баён созем.

Мусаллам аст, ки  ҷавонон нахуст маълумотҳои назариявиро аз мактаб ва донишгоҳ аз бар мекунанд ва тавассути васоити электронӣ ва сайтҳои интернетӣ онро такмил мебахшанд. Яъне онҳо аз ҷараёни ҳаёт бохабар ҳастанд ва ниҳоят як давраи ҳассосро дар дарку маърифати муҳит  аз сар мегузаронанд.

Олимон муқаррар кардаанд, ки маҳз ҷавонони аз синни 16 то 25 сола як давраи лағжандаро аз сар мегузаронанд, ки рушди минбаъдаи онҳо аз таъсири муҳити атроф сахт вобастагӣ дорад. Ҳангоми муроҷиат бо онҳо, барқарор кардани муносибат ва дар ин замина рӯи кор овардани муколамаву мубоҳисаҳо бояд  баъзе хусусиятҳои  калидии мансуб ба хусусияти ҷавониро ба инобат гирифт. Аз ҷумла синну сол, ба гурӯҳи махсуси иҷтимоии ҷомеа мутааллиқ будани онҳо, ҳамзамон ҳамчун нерӯи мустақили пешраванда эътироф шуданашон, муҳимтар аз ҳама мансубияти онҳо  ба гурӯҳи аз ҷиҳати ғоявӣ шакл нагирифтаи ҷомеа бояд дар мадди назар қарор бигирад. Дар баробари ин эътироф бояд кард, ки ҷавонон як қисми ҷомеае мебошанд,ки барои татбиқи мақсадҳои иҷтимоии  худ кӯшиши беандоза менамояд.

Дар заминаи ин хусусиятҳо ҷавононро метавон аз назари сиёсӣ ва ҷаҳонбиниву фаъолияташон ба қисмҳои зерин ҷудо намуд:

  1. Ҷавононе, ки ҳадафҳои иҷтимоии худро бо роҳу усулҳои муқаррарӣ,ки дар доираи қонун амал мекунад ҳаллу фасл менамоянд ва ба ҷомеа зарар надоранд.

2.Ҷавононе, ки афкору андешаҳои  зидди ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ доранд ва дар табиаташон хусусияти хашмгиншавӣ ба мушоҳида мерасад. Онҳо ва аз муҳит розӣ нестанд, дар зиндагӣ ва фаъолияташон ҳадафи муайян надоранд.

  1. Ҷавононе, ки мутобиқи маҷрои ҷомеа ҳаракат мекунанд, масъалаҳои иҷтимоии худро дар пайвастагӣ бо вазъи ҷомеа ҳал месозанд, ба ҷомеа фоида меоранд.

Инак барои чи баъзе аз  ҷавонон ба тарғибу ташвиқи экстримистӣ дода мешаванд?

Ҳақиқат  инҷост, ки дар замони муосир терроризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав  ё муътақиди ин ё он дин меҳисобад. Аслан террористон ин афроде, ки ақидаи шахсии худро надоранд ва ба  шахсе ё гурӯҳе ба хотири моддиёт ё таъсири равонӣ тобеъ шудаанд ва гоҳо худ намефаҳманд, ки ба чи амале даст мезананд.

Инак суоле пайдо мешавад, ки кадом омилҳое мавҷуд аст, ки баъзе аз ҷавонон фирефтаи доми аҳриманон мегарданд? Ба андешаи банда:

Инҳо нофаҳмӣ дар оила, новобаста аз шароити зиндагӣ, ихтилофи ақида дар зиндагии рӯзмарраи ҷавонон, баъзе аз хислат ва хусусиятҳои манфии ҷавонон аз қабили монанди дигарон набудан, аз дигарон фарқ кардан, барвақт соҳиби ном ва обрӯй гардидан, ҷалб кардани таваҷҷуҳи дигарон ба худ. Таъсири усулии ҳаёти мардуми хориҷи кишвар, ки тавассути сайтҳои интернетӣ ошно мегарданд, қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ, надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан ва монанди инҳо:

Маҳз маҷмӯи ҳамин омилҳо боис мешавад, ки ҷавононро ташкилотҳои террористӣ ба доми хеш кашанд. Гузашта аз ин, чунин ба назар мерасад, ки ҳар се қисми ҷавонон, ки дар боло таснифашон рафт, аз ин бало дар канор нестанд. Яъне имрӯз усулҳои ҷалбкунии ҷавонон бо роҳҳои мухталиф рӯи кор омадааст.

Дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахшии ин нерӯҳои аҳриманӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримстӣ интернет, сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Роҳҳои гуногуни ҷалбкуниро истифода мебаранд ва гумон меравад, ки гурӯҳи калони намояндагони ин ташкилотҳо қувваи асосии худро дар самти тарғиб тавассути сайтҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест.

Инак чи бояд кард, ки роҳи ин сели марговаро гирифта тавонем ё ба иборати дигар аз дасти мо барои наҷоти ҷавонони гумроҳшуда чи меояд?

Воқеан, имрӯз бояд қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯи кор оянд, ки  меъёрҳои ягонаи мубориза бо терроризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар корҳоеро бояд ба анҷом расонид, ки он тавонад то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонад. Дар ин замина таъсис додани фазои ягонаи иттилотӣ бар зидди терроризм, ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи  ҳақиқати терроризм, ки ба ҷомеа зарароавар аст, инъикос ёбад. Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва таҳлилу баррасии пайваста дар байни ҷомеа оид  ба ташкилотҳои ифротӣ. Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитеррористӣ. Аз ҷумла баргузор намудани интернет-конфренсия  бо мақсади  баррасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм. Дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои илмӣ, руҳнамо “презентатсия” ташкил намудани дарс ва вохӯриҳо, ки  дар натиҷа метавонад як фазои тафаккури зиддитеррористӣ дар байни ҷавонон пайдо шавад. Таъсиси марказҳои  илмӣ-таҳқиқӣ оид ба омӯзиши равандҳои ҷомеа аз ҷумла масоили зиддитерроризм дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, ки дар шароити имрӯза амалӣ шудани ин пешниҳод то андозае дар беҳдошти вазъият нақш хоҳад бозид.

Ҳамин тариқ, терроризм як машинаи марговарест, ки ба тамоми ҷаҳон хавфовар аст ва мутаасифона ҳадафи асосии он ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ бетарафӣ нисбати ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад. Барои ҳамин зиракии сиёсиро аз даст надода дар байни ҷавонон тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Товҷикистонро дастгирӣ намуда, ба қадру қиммат, сулҳу субот ва ба ин неъмати бебаҳо истиқлолият расидан лозим аст.

Хидиров ФАРҲОД, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment