Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БО ТАШАББУСИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БО ТАШАББУСИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

by admin
102 views

Санаи 21.11.23 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ-амалӣ бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Илмҳои дақиқ-эҳёгари тафаккур» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо ҷалби хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми муассиса баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултети химия ва биология, номзади илмҳои кишоварзӣ Исупов Дилшод, мудири кафедраи химия, номзади илмҳои кимиё Холиқ Сафар, мудири кафедраи  биология, номзади илмҳои педагогӣ Бобоев Бахтиёр, мутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Валиева Ҳалима, роҳбари таҷрибаомӯзони факултет Самардини Абдулло, директори муассисаи мазкур Воҳидова Рафоат ва дигар таҷрибаомӯзону хонандагони муассиса иштирок доштанд.

Чорабиниро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 Воҳидова Рафоат оғоз намуда, меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, иштирокчиёнро бо барномаи чорабинӣ шинос намуд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи хонандагон маърӯзаҳо, қиссаҳои химиявӣ ва далелҳои аҷиб оид ба системаи даврии элементҳои Д. И. Менделеев пешниҳод гардид, ки бевосита хонандагон дар иҷрои онҳо фаъол буданд ва маҳорати баландро нишон доданд.

Дар охир, аз ҷониби донишҷӯёни факултети химия ва биология, ки муддатест ба хонандагони ин муассиса ҳамчун таҷрибаомӯз дарс мегӯянд, саволҳо доир ба фанни химия дода шуд ва ҳар хонандае, ки ҷавоби саволҳоро пешниҳод намуд, соҳиби туҳфа гардид.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ декани факултети химия ва биология, номзади илмҳои кишоварзӣ Исупов Дилшод,  баромад намуда, аз сатҳи донишандӯзии хонандагонро хуб арзёбӣ намуда,  ба кори таҷрибаомӯзони факултет ҷиҳати ташкил ва баргузории  чорабинӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин ба иштирокчиёни  чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Related Articles

Leave a Comment