Home ДАСТОВАРҲО ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

by admin
175 views

Дилнозаи Ҳикматулло, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи варзиши «ТАЭКВАНДО-ВТФ», ки дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон санаи 26 то 28-уми сентябр гузашт, сазовори ҷойи дуюм гардида, медали нуқра ба даст овард.

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардида, медалҳои нуқра ва биринҷӣ гирифтааст.

Раёсати Донишгоҳ Дилнозаро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.

Related Articles

Leave a Comment