Ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст. Ифротгароӣ ба маънии дигар доштани амалҳои ғайриқонунӣ, бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Шахсони кӯтоҳандеше ҳастанд, ки худ дар зиндагӣ муваффақ нашудаанд ва дигар шахсони ба монанди худро дар ҷомеа дарёб карда, идеалогияи пасту номатлуби худро ба онҳо талқин менамоянд.
Бо дарназардошти сӯистифода аз арзишҳои исломӣ ва гумроҳ намудани мусалмонон аксари гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротгароиву терраристӣ зери шиорҳои исломӣ мақсадҳои ғаразноки худро роҳандозӣ намуда истодаанд. Ҷавонони гумроҳ ба суханпардозӣ аз ислом, эмон, ба доми макру фиреби ифротгароён меафтанд.
Маҳатма Гандӣ (1869-1948)-роҳбари сиёсӣ ва рӯҳонии Ҳинд мефармояд: «Он чи сабаби амнияти рӯҳ мешавад, имон аст». Албатта, равоншиносон ин суханро тасдиқ кардаанд. Одам одамро аз роҳ зада ва гумроҳ карда метавонад, ба шарте иродааш суст бошад. Валекин ифротиён рӯзе мерасад, ки тирашон хок мехӯрад. Аз макру фиреби онҳо ҳама бохабар мешаванд.
Абраҳам Линколн (1809-2865)-ходими давлатӣ ва 16-ум Президенти Амрико мефармояд: «Андаке аз мардумро метавон барои ҳамеша фиреб дод. Ҳамаи мардумро низ метавон барои муддати андаке фиреб дод, вале наметавон ҳамаи мардумро барои ҳамеша фиреб дод».
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз медорад: «Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Ҳамин тавр, террористону экстремистон дини Исломро танҳо ба хотири ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ истифода мебаранду халос.
Дар шароити имрӯз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ифротгароён боиси ташвиши ҳамагон шудааст. Агар интернет барои дастрасии маводи лозима мушкилоти корбаронро осон созад, аз ҷониби дигар боиси пайдо шудани хатар барои инсоният аст.
Ифротгароӣ асоси маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби аср чораҳои саривақтии қонунгузориро роҳандозӣ намуда истодааст.
Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки фирефтаи макрҳои сиёсиву идеалогии он гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дини мубини исломро ба терроризм айният медиҳанд ва тундгароёнро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд.
Хулоса, мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд. Пас, бояд шукронаи чунин неъмати бебаҳои Худовандро кард ва фирефтаи дурӯғи зебои ифротгароён ва террористон нагардем. Аз гумроҳӣ худро эмин доред, рӯ ба илму дониш намоед, ҳаёт такрорнашавандааст, онро бе пушаймониҳо гузаронед. Худ ва дигаронро аз корҳои номатлуб дур намоед.
Бахтиёр ҲАСАНОВ, мутахассиси Раёсати тарбия, ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ