Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

by admin
139 views

Чуноне ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23.12.2022 омадааст: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад».

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабуллоҳи Рӯдакӣ барои дар амали татбиқ намудани ин дастурҳои роҳбарияти давлат як қатор чорабиниҳоро ба роҳ мондааст. Дар робита ба амали намудани ин иқдомот имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси тарбияии Одинаева Марҳабо, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика дар гурӯҳи таълимии 303-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид. Мавзуи дарс “Сарбаландӣ гар бихоҳӣ бо ҳама якранг бош” буд. 

Дар дарс мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Муродов Ҷамил, мутахассисони раёсати тарбияи донишгоҳ Қурбонова Сайёра ва Бозорова Сайёра ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ иштирок доштанд.

Дарсро муаллима Одинаева Марҳабо, ки ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи мазкурро ба ӯҳда доранд, оғоз намуда, зимни суханрониашон иброз доштанд, ки “ Дар зиндагӣ инсон бояд якбин ва якрӯ бошад ва миёни мардум мақому эҳтироми хоса дошта бошад. Вале шахсоне, ки зоҳирашон дигару ботинашон дигар аст, яъне шахсони дурӯя ягон эҳтиромеро сазовор намебошанд ва ба мақсади хеш ҳеҷ гоҳ намерасанд”.

Сипас донишҷӯён як-як маърӯзаҳои худро ироа намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд ва ҳамзамон якчанд шеър доир ба мавзуи болозикр қироат намуданд.

Ҳамчунин дар рафти дарс миёни донишҷӯён ва муаллима саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар маҷмуъ, дарс дар сатҳи хуб гузашт ва донишҷӯён тавонистанд, ки дар доираи мавзуъ маълумотҳои заруриро аз худ кунанд.

Дар фарҷом мудири кафедар Алишери Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба тарбия Муродов Ҷамил ва мутахассиси раёсати тарбия Қурбонова Сайёра суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд ва тавсия намуданд, ки чунин дасрҳо бештар гузаронида шаванд.

Related Articles

Leave a Comment