Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

by admin
80 views

Терроризм бо тамоми шаклу зуҳуроташ, имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзмара табдил ёфтааст. Зуҳуроти терроризм боиси талафоти зиёди одамон ва нобудшавии арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангӣ мегардад, ки дар тули садсолаҳо барқарор карда намешавад. Вай дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ кинаю адоват ва нобоварӣ ба вуҷуд аварда,  мақсадҳои нопоки худро амали мегардад.

Терроризм як намуди зӯроварии ҷиноӣ буда, метавонад одамони бегуноҳ, мардуми осоишта, ки ба низоъ ҳеҷ иртиботе надоранд,  мавриди  ҳадаф қарор диҳанд. Мафҳуми «терроризм»-ро асосан ҳамчун тарсонидан, зӯроварӣ, даҳшат ё таҳдиди амал маънидод мекунанд.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷоввуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона — расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломати миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Амалҳои террористӣ одатан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойҳое, ки одамон бисёранд ба мисоли бозорҳо, кӯчаю хиёбонҳо, ҷойҳои истироҳатӣ ва истгоҳҳо ба анҷом расонида мешаванд.

Пайомади амалҳои террористӣ тавонист ҷони милионҳо ашхоси бегуноҳро аз байн барад. Амали террористи дар ИМА шаҳри Ню-Йорк 3000 кас ҳалок гардида садҳо нафари дигар захмию маъюб гардиданд. 1 сентябри соли 2004 гурӯҳи террористии Шамил Басаев 1128 нафарро,  ки миёни онҳо муаллимон, талабагон ва волидайни онҳо буданд ба гарав гирифта ҳангоми озодкунӣ 314 нафар ба ҳалокат расид, ки аз онҳо 184 нафарашонро  кӯдакон ташкил медиҳад. Чунин як ҳодисаи мудҳиши дигар нисбати толибилмони мактаби ҷамъиятии артиши Покистон дар шаҳри Пешовар, санаи 1 декабри соли 2014 анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 151 нафар ҳалок гардиданд, ки аз ин шумора 133 нафарро мактаббачагон ташкил медиҳанд.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон созмону ҳаракатҳое мавҷуд мебошанд, ки ҳамчун ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, аз ҷониби як қатор давлатҳо маҳкум карда шудаанд, аз қабили «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Ҷундуллоҳ», «Ҷиҳоди ислом», «Ҳаракати Толибон», «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир».

Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии терроризм як қатор қонунҳо ва санадҳои муҳимро қабул кард, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999),  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 2006).

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Иброҳими АҲМАДХОН, ассистенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment