Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пазируфтани пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчуни Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни расму тасвирҳои беҳтарини мусаввараҳо, пиряхҳо, чашмаҳо, шаршараҳо ва табиати зебо баргузор гардид. Санаи 7-уми апрели соли равон озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Давлатов Миралӣ, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар ва ассистенти кафедраи фанҳо гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Пулодов Амирҳамза иштирок доштанд.
Дар озмун зиёда аз 10 нафар донишҷӯ иштирок намуда, асарҳои худро пешниҳод намуданд. Аз инҳо се нафар: Саидов Аминҷон, донишҷӯи курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг сазовори ҷойи якум, Авғонова Саида, донишҷӯи курси сеюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг сазовори ҷойи дуюм ва Давлатов Камолиддин, донишҷӯи курси сеюми факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Рӯйхати ғолибони озмун ҷиҳати қадрдонӣ гардидан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.