Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

by admin
122 views

Пеш аз он, ки мо бо ин мафҳум шинос шавем, бояд донем, ки терроризм чист ва он ба ҷамъият чӣ хатар эҷод месозад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст.

Терроризм дар ҳаёти инсоният мафҳуми нав набуда, он  аз давраҳои пеш миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъият барои ба даст овардани мансаб, давлат ва тарсонидани аҳолӣ пайдо шудааст. Имрӯзҳо ин мафҳум яке аз масъалаҳои муҳими на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳон низ ба ҳисоб меравад. Агар ин мафҳумро аз нуқтаи назари илми ҳуқуқӣ гӯем ин “Содир намудани амалҳои ба монанди хатари марг ба инсоният, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, тарсонидани аҳолӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз менамояд: “ Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Албатта, ин суханҳои Пешвои миллат дуруст буда, мо ҷавононро водор месозад, ки донишҳои мукаммал, зиракии сиёсӣ ва манфиатҳои давлату миллатро   ҳифз намоем.

Мо, имрӯзҳо дида метавонем, ки бархе аз ҷавонони гумроҳ ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шуда, ба давлату миллат санги маломат зада бори гаронро ба миён меоранд. Сабаби ба ин роҳ пайваст шудани ҷавонон ин надоштани саводи кофӣ, бохабар набудан аз таърих ва фарҳанги миллати хеш, паст будани шароити зиндагӣ ва дигар омилҳо ба ҳисоб меравад.

Мо,  миллати тоҷик шукрона аз он дорем, ки дар чунин ватани тинҷу ором ва фазои осоиштагӣ  зиндагӣ дорем. Пешвои миллат  дар ҳамаи суханрониҳояшон такя ба ҷавонон менамоянд, чунки ҷавонон ояндасози давлату миллати хеш арзёбӣ  гаштаанд.

Хушбахтона мо дар давлате зиндагӣ дорем, ки соҳиби қонунҳои ягона аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  қонуни дигари тозанашр, ки санаи 22 декабри соли равон мавриди амал қарор гирифт ин  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” мебошад. Маҳз ҳамин қонунҳо боис мегарданд, ки ҷавононро аз роҳи гумроҳшавӣ ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳо аз қабили терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ наҷот мебахшад.

Ҳар як  тоҷикро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҳушёрӣ ва  зиракии сиёсиро аз даст надода,  ҳифзи ватану миллатро дар мадди аввал қарор диҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки  давлати мо дар солҳои 1992 дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, яъне ҷанги шаҳрвандӣ, ки баъзе гурӯҳҳои нохалаф ва манфиатҷуй нияти  ғасби ҳокимиятро доштанд. Ва  ин ҳам аз ҷумлаи  ҳамон шахсоне буданд, ки ба он гурӯҳҳои ба ҷамъият  хавфнок буданд. Онҳо мафҳуми терроризмро ба дин омехта намуда,  дар зери шиори он мардумро гумроҳ менамуданд, ҳол он, ки терроризм бо дин ягон наздикӣ ё шабоҳат надорад.

Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хело бераҳмона сурат гирифта, ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Боиси таассуф аст, ки шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ ва экстремистӣ афзуда истодааст.

Масалан, тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҲИУ), «Ҳаракати «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Лашкари Тайба», «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломи Покистон»), «Ҷамъияти Таблиғ», «Созмони таблиғот» («Даъват ба Ислом»), «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳат ан Нусра», «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ташкилотҳои экстремистию террористӣ эълон шуда, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст.                                                               

Дар Паёми ироагардидаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2021нисбат ба ин масъала нигоҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки «терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан надорад. Бо он мо бояд дар ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳои дуру наздик мубориза барем».

Бо назардошти гуфтаҳои боло  мо аҳли зиё, ходимони динӣ ва ҳар як сокини мамлакатро мебояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявию динии мардум, хусусан ҷавонон, арҷгузорӣ ва эҳтирому посдории арзишҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат саҳми намоён гузорем.

Дустов НАСИМ, асисстенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment