Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАҒЙИРЁБИИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ

ТАҒЙИРЁБИИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ

by admin
510 views

Дар меҳвари ташабуссҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи тағйирёбии иқлим, алалхусус норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини  экологии инсоният мавқеъи махсус дорад.

Дар ҳақиқат тағйирёбии иқлим яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Дар раванди тараққиёт ва пешрафти худ давлатҳои дунё бераҳмона ба табиат зиён расонидаанд, ки дар натиҷа ба мувозинати системаи табиат халалҳо ворид шудааст. Бепарвоёна қонеъ гардонидани талаботи худ, инсонро ба муаммои умумиҷаҳони дучор намудааст, ки “Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим” ном гирифтааст.  Рушди истеҳсолот вобаста ба талаботи инсон аз меъёр зиёд ба атмосфера гази карбон хориҷ карда мешавад, ки натиҷаи он гармшавии  ҳарорати ҳаво гардидааст.

Олимони иқлимшинос чунин мешуморанд, ки сабаби асосии тағйирёбии илқлим ин зиёдшавии консентрасияи газҳои гулхонаӣ дар таркиби атмосфера мебошанд.

Хатар то андозае бузург мебошад, ки аз ифлосшавии ҳавои атмосфера ҳамасола баландшавии ҳарорати ҳаво мушоҳида шуда, дар қутбҳо пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ намуда истодаанд, ки дар натиҷа сатҳи оби баҳрҳо баланд шуда, шаҳрҳои калонтарин ва нуқтаҳои аҳолинишини назди соҳилҳо зери об мемонанд. Яке аз сабабҳои асосии ин муаммоҳо ба атмосфера зиёд хориҷшавии гази карбонат ва метан мебошад. Дар ҳақиқат гази карбонат ва метан нурҳои инфрасурхро, ки заминро аз гармшавӣ нигоҳ медоранд, фурӯъ мебаранд ва ҳарорати заминро баланд мекунанд.

Маълум аст, ки ба кабудизоркунӣ ва ҷангалзоркунии кӯраи Замин нигоҳ накарда ба пуррагӣ ҳавои атмосферараи зарҳолудшударо тоза намуданд ғайриимкон мебошад.

Олимон исбот намуданд, ки агар ҳарорати ҳаво ба 2 дараҷа баланд гардад, 5000 млн одамон дар рӯи замин аз норасоии об азият мекашанд ва агар 3 дараҷа баланд гардад 3 милиард одамон бо проблемаҳои гуногун рӯ ба рӯ мегарданд.

Чӣ қадаре, ки иқлим тағйир ёбад, ҳамон қадар обхезиҳо ва тӯфонҳо ба вуҷуд меояд, ки бар  муқобили қувваи он истодан ғайриимкон мебошад. Аз ин офатҳои табиӣ пеш аз ҳама хоҷагии қишлоқ зарар мебинад, ки ба камшавии маҳсулот ва озуқаворӣ оварда мерасонад. Сатҳи уқёнусҳои ҷаҳонӣ баланд мегардад ва ба катаклизми табиӣ оварда мерасонад.

Яке аз чунин ҳодисаи табиӣ, ки олимонро ба ташвиш оварда аст, ин обшавии яхпораи “Pine Island” дар Антарктида мебошад. Як гуруҳ олимон аз Унверситети Лидс натиҷаи таҳқиқотҳои худро дар маҷаллаи “Geophysial Research Lettrs” чоп намуданд, ки мувофиқи он яхпораи аз ҳама азим дар Антаркида бо суръати баланд об шуда истодааст.

Агар ба маълумоти солҳои пеш назар кунем, дар як сол обшавии он 16 метр қайд шуда буд, аммо мувофиқи маълумотҳои муосир то 90 метр ба об фурӯ рафтааст. Масоҳати ин пиряхи шинокунанда ба 175 километри мураббаъ баробар буда аз кайҳон мушоҳида мешавад. Агар ба факту далелҳо нигоҳ кунем, чанд сол пеш пешниҳод намуданд, ки ин яхпора пас аз 600 сол пурра об мешавад. Аммо, имрӯз олимон мегуянд, ки агар ин яхпора бо чунин суръат об шавад, пас аз 100 сол пурра нест мешавад, ки сабаби асосии он гармшавии ҷаҳонӣ мебошад.

Айни замон дар Осиёи Марказӣ бинобар сабабӣ баланд шудани ҳарорат, кам шудани боришот ва дигар тағйиротҳои иқлим захираи пиряхҳо кам шуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази бузургӣ пиряхҳо буда, танзимкунандаи оби дарёҳо ва манбаъаи захираи оби нушокӣ мебошад. Дар давоми 30 соли охир аз 14000 пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд беш аз 1000 пирях ба нестӣ расидааст.

Камшави ва ғарқшавии пиряхҳо дар Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ низ мушоҳида мешавад. Олимон мегӯянд, дар 40-50 соли наздик Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ аз рӯйпуши яхин озод мешавад. Ба ғайр аз ин пиряхҳои аз ҳама кӯҳи баландтарин-Ҳимолой бо сураъти баланд об шуда истодаанд. Агар дар оянда чунин раванд идома ёбад, то соли 2060-ум 2/3 пиряхҳояш об мешаванд ва дар соли 2100 пурра нест мешаванд. Ин тағйирёбиҳо дар экосистема ба флора ва фауна низ таъсир мерасонад. Парандаҳо барвақт парвоз карда меоянд ва дер баргашта мераванд, 30-40%-и ҷамоаъи растаниҳо, ки дар тулӣ ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадаст, аз ҳисоби тағйирёбии иқлим нобуд мешаванд. Дар ҳолати 1 дараҷа паст шудани ҳарорат низ хатари ҷиддӣ дар худ дорад.

Ҳисобдони шинохтаи англис Лорд Николас Штерн мегӯяд, ки дар соли 2050-ум миллион одамон аз хушкии бардавом ва дигар хатарҳои тағйироти иқлим ба монанди обхезӣ ва туфонҳои сахт барои аз гуруснагӣ ҳалок нашудан ба “гурезаҳои иқлимӣ” табдил меёбанд. Ба атмосфера аз меъёр зиёд партофтани маводҳои заҳрнок хатари бисёр ҷиддӣ ва фавқулодаро дорад, ба монанди сухтори ҷангалзорҳо ва камшавии оби нӯшокӣ.

Инсоният ҳеҷ наметавонад коркарди газҳои заҳрнокро кам кунад то табиатро аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ дорад, ҳамон табиате, ки бояд ҳамчун гавҳараки чашми худ нигоҳ дорем.

Ҳамаи ин ба он хотир руҳ дода истодааст, ки маданият ва ҷаҳонбини шаҳрвандон паст шудаистодааст ва танҳо фикри таъмини худро дар сар доранд. Талаботи инсон бемаҳдуд аст, агарчӣ тавоноияш маҳдуднок аст. Замоне фаро расидааст,  ки дарк намоем, ҳар қадар инсон аз суботи ҳақиқат дур мешавад, ҳамон қадар бо мушкилиҳои гунугун дучор мегардад. Муносибати нодуруст ба табиат дар паи таъмини эҳтиёҷоти худ инсониятро бо чунин мушкилиҳои ҷаҳонӣ дучор намудааст. Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим мисоли равшанест, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ба вуҷуд омадааст.

Дар соли 2009 Совети Арктики расман элон намуд, ки обшавии пиряхҳо бо сураъти баланд ба қайд гирифта шуда истодаанд. Агар бо чунин сураът коркарди нафт идома ёбад, ҳарорат дар сайёра 2 дараҷа боло меравад ва ин хатари бузург дорад.

Дар 77-умин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешбарӣ шуда буд. Бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ санаи 14 декабри соли 2022 ин пешниҳод пазируфта шуд. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ба танзим даровардани масъалаҳои ҷаҳонии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва оби тоза равона гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ташабусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пешниҳод намудааст, ки ҳадафи он пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии экологӣ мебошад.

Пулотов Фаридун, номзади илмҳои биология, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment