Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!»

by admin
62 views
Имрӯз дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Биё, ҳамадон шавем!” баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири китобхонаи донишгоҳ Иброҳимов Бобоҷон, асисенти кафедраи географияи сайёҳӣ, ҳамчунин роҳбари маҳфили мазкур Мадасани Азизмад, мутахассиси шуъбаи адабиёти бадеии китобхона Орзуева Манзура, аъзоёни маҳфил ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон суханронь намуда, маҳфилро оғоз карданд.
Сипас, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи рус Эмомов Сулаймон дар мавзуи “Ту умри худ чу ҳамёни зар дон” маърӯзаи худро намуд.
Дар бахши дуюм аз ҷониби роҳбари маҳфил Мадасани Азизмад викторинаи фаннӣ доир гардид, ки донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун ба саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ доданд.
Дар охир мудири китобхона ба донишҷӯён тавсияи хондани китоби тозанашрро бо номи “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” пешниҳод намуданд.

Related Articles

Leave a Comment