Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

by admin
221 views
Санаи 26-уми ноябр дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ аз ҷониби роҳбари гурӯҳ, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Давлатов Гулаҳмад дар мавзуи “Терроризм ва экстримизм-вабои аср” дар гурӯҳи таълимии 101-ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ гузаронида шуд.
Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ, ҷонишини декан оид ба тарбия Тешаев Мирзошариф ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст. Мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст, зикр доштанд декани факултет, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ.
Сипас, роҳбари гурӯҳ Давлатов Гулаҳмад доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал доданд.
Ҳамчунин дар охир навори филми “Хиёнат” манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment