Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ШАҲРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ШАҲРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

by admin
141 views
Имрӯз дар толори Шӯрои олимони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит конфронси илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзуи “Ҳисобгирии муҳосибии муосир ва гузариш ба стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Низомиддин Комилов, сармуҳосиби литсейи касби техникии №32-шаҳри Кӯлоб Нозимов Бобоҷон, сармуҳосиби маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ Шарипов Ҷомӣ, сармуҳосиби Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб Сафаров Парвиз, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал декани факултет, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои интихобгардидаи омӯзгорон дар рафти конфронси имрӯза маълумот доданд.
Баъдан Нозимов Бобоҷон, сармуҳосиби литсейи касби техникии №32-шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Товозуни муҳосибӣ-роҳнамо дар фаъолияти молиявии ширкат”, Шарипов Ҷомӣ, сармуҳосиби маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар мавзуи “Хусусиятҳои ҳисобгирии муҳосиби дар ташкилотҳои сохтмонӣ” Иброҳимзода Одил, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар мавзуи “Зарурати гузариш аз ҳисобгирии ватанӣ ба стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ”, Сафаров Парвиз сармуҳосиби Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Ҳисобгирии музди меҳнат ва музди кор тибқи муқарароти нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд
.
Дар охир миёни баромадкунандагон ва нишастагон оиди мавзуҳои зикргардида саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира доир гардид.

Related Articles

Leave a Comment