Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

by admin
116 views

Санаи 4-уми ноябр дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гузаронида шуд.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Қайд намуданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, оғоз бахшид.

Омӯзгори кафедраи таърих, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Гулчеҳра Муродова дар мавзӯи «Конститутсия – муайянкунандаи дурнамои пешрафти ҷомеа» суханронӣ намуд.

Сипас, ҳаваскорони санъат аз ҳисоби донишҷӯён, шеърхонӣ ва таронасароӣ карда, дар поён композитсияи адабиеро зери унвони «Конститутсия — шоҳсутун ва бахтномаи миллат» намоиш доданд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.

Related Articles

Leave a Comment