Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АНДЕШАҲО АНДАР БОБИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

АНДЕШАҲО АНДАР БОБИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

by admin
263 views
  Гурез ИБРОҲИМОВ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, худогоҳию ватанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос шарти асосии рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба омӯзгорону ҷавонон оид ба таълиму тарбия, забондониву омӯзиши технологияи муосир пайваста дастуру супоришҳо медиҳанд. Ҳамаи ин пешравиҳо, бунёдкориву созандагиҳо, устувории Ваҳдати миллӣ, дӯстиву бародарӣ дар байни мардум аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум, ки аз 16-уми ноябр то 12-уми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гардида буд, 18-уми ноябр бо баррасии вакилон 23 масъала пешниҳод шуд, сарчашма мегирад. Таърихи миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври бечуну чаро собит кардааст, ки сабаби дастовардҳои онҳо пешгомӣ дар илму маърифат будааст ва он фақат аз тариқи мутолиаю таҳқиқ ба даст меояд.
Гулчеҳра МУРОДОВА, номзади имлҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ҷанги шаҳрвандӣ бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Авҷ гирифтани қувваҳои ба ном «демократӣ», вазъи муташанниҷи сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зӯроварӣ, бесарусомонию саргардонӣ кишвари тинҷу ороми моро ба минтақаи фоҷиабору ҷангзада табдил дода буд.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмонов интихоб намуд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун Раиси Шурои Олии ҶТ ва ҳамзамон, Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Новобаста аз баҳсҳои тулонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.
Айниддин ХОЛИҚЗОДА, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иҷлосия иқдомҳои муҳими давлатиро ба анҷом расонид, ба мисли:
— роҳбарии нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд;
— сохтори конститутсионӣ, ҳокимияти иҷроия ва судиро дар мамлакат барқарор кард;
— хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пароканда шудани миллатро ҷилавгирӣ намуд;
— тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт;
— мавқеи сиёсии байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муайян намуда, барои ҳамкориҳои муфид бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ роҳро боз намуд.
Ҳамзамон, ин айёмро метавон оғози сиёсати бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номид, ки бунёди онро Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст.
Дар ҷаҳон ҳодисаҳое ба назар мерасанд, ки таърих шахсиятро ташаккул медиҳад ва ё шахсият дар таърихи ин ё он миллату давлат нақши калидиро иҷро менамояд. Хости сарнавишти миллати тоҷик, бахти баланди ин миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе роҳбари давлат интихоб шуд, ки тақдири миллату давлатро ба куллӣ тағйир дод.
Пиралӣ НАЗАРЗОДА, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Давлатии давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воқеаи дорои аҳамияти бузурги таърихӣ барои гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ аз ибтидо то ба анҷоми он ва мустаҳкам намудани асосҳои давлати конститутсионию демократӣ, нақши босазо бозидааст. Вақте ки сухан дар хусуси ин Иҷлосия меравад, мо хоҳу нохоҳ дар мавриди шароитҳои ташкил ва рӯйдодҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишварамон дар он рӯзҳои барои халқу миллат душвор, андеша мекунем. Таҳлилҳои илмӣ — назариявии олимони ҷомеашинос аз он шаҳодат медиҳад, ки дар воқеъ халқи тоҷик дар он рӯзҳои даҳшатбор мушкилоти азимеро паси сар мекард. Тоҷикистони моро аз дохил ва берун хатари бузурги аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли миллӣ таҳдид мекард. Дар марҳалаи ҳассоси оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 кӯшишҳои ҳалли масъалаҳои сиёсии кишвар, бахусус роҳи ба мусолиҳа омадан аз ҷониби қувваҳои дар сангар қарордошта, бо истифода аз ташкили вохӯриҳои судманди тарафҳои даргир дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳо ба мисли: фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод, ноҳияи Данғара, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Вахшу Бохтар ва Ҳисору Турсунзода баргузор шуданд. Азбаски дар минтақаҳои марказ ва ҷануби кишвар, ҳеҷ гуна имконияти баргузории Иҷлосия вуҷуд надошт, қувваҳои дохилиии кишвар мавқеи аз ҳама қуллайро дар минтақаи шимол ҷустуҷӯ намуданд. Ҳамин тариқ, барои баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд интихоб гардид, ки нисбатан шароити мусоид барои баргузории онро дошт. Роҳбарияти вилоят инро хуб дарк менамуд ва барои баргузории ин Иҷлосия, новобаста аз таҳдиди қувваҳои мухолифин ҳама шароити мусоидро фароҳам меовард. Ин давраи нисбатан ҳассоси таърих буд, ки хавфи аз ҳам ҷудо намудани минтақаҳои кишвар бараъло эҳсос карда мешуд. Яке аз рӯзномаҳои марказии вилояти Ленинобод (Суғд) — «Ҳақиқати Ленинобод», дар он рӯзҳои муташанниҷ муроҷиати пирони хиради вилоятро ба табъ расонида, ҳама мардумро барои сулҳу ваҳдат ва ба ҳам омадан даъват намуда буд.
Садриддин СУФИЕВ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлоли Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсози миллат ба марҳалаи таҳкими истиқлоли миллӣ ва барқарор намудани сохти конститусионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии ҷомеа дар он рӯзҳои вазнин заминаи мустаҳкам гузошт.
30 сол муқаддам дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди сарнавиштсозу тақдирсозе ба вуқуъ пайваст, ки он дар пойдории сулҳу субот, таъмини Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди кишвар нақши муҳиму арзишманд бозид. 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар давраи басо мушкил ва вазъияти душвори сиёсии ҷомеа оғоз ёфт. Он лаҳзаҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе вазъи мураккаби сиёсӣ ҳукмрон буд.
Агар аз нуқтаи назари таҳлилӣ ва муҳимияти масъала бингарем, Ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон дар замони хатари парокандашавии миллат ба сари қудрат омад ва маҳз Иҷлосияи XVI дар Хуҷанд тавонист Тоҷикистонро аз он буҳрони шадиду ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ берун барорад.
Вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад шуд ва Тоҷикистон дар вартаи ҳалокату парокандагӣ қарор дошт. Аз ин хотир, бо тасмими раёсати он вақтаи Шурои Олии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он авзои сиёсии кишвар баррасӣ ва масъалаҳои мубрами давлатдорӣ ҳаллу фасл гардиданд. Аҳамияти таърихии иҷлосия аз он иборат аст, ки мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз нав эҳё ва ҷоннок намуд. Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз кард. Аз парокандашавии миллат, нестшавӣ раҳо дод.
Таҳияи Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ, сардори Маркази матбуотии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment