Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

by admin
23 views
Дар таърихи 26-уми ноябри соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Шарипова Заррина Абдуллоевна дар мавзуи “Истилоҳоти забоншиносӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” (роҳбари илмӣ, Холиқзода Айниддин, номзади илмҳои филолгӣ, дотсент) баргузор гардид.
Дар муҳокима муовини ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, декани факултети филолгияи хориҷӣ Қурбонов Кароматулло, номзади илмҳои филологӣ Гуламадшоев Шокир, сардори шӯъбаи тайёркуни ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сироҷиддини Давлатӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Гулямов Ҳайдар, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва забонҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Гуламадшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгорӣ кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ баромад намуда, қайд карданд: “Тавре ба сохтори диссертатсияи Шарипова Заррина назар намоем, он аз муқаддима, 3 боб, 14 зербоб, хулосаҳо аз натиҷаҳои илмии диссертатсия ва адабиёт иборат аст. Аз ин лиҳоз, рӯ овардани диссертант ба ин масъала тақозои таҳқиқоти замон буда, иубрам ва қобили аҳамияти илмӣ дар равияи илмии забоншиносии муосир арзёби мегардад. Дар натиҷаи ин зарурати дарки ҳаматарафи усулҳои тадқиқотӣ ба масъалаи дар низоми шаклгирии истилоҳотшиносӣ қобили таваҷҷуҳ аст”.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Шарипова Заррина Абдуллоевна бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд
.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment