Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ САРОМӮЗГОР

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ САРОМӮЗГОР

by admin
85 views
Имрӯз дар толори Шӯрои олимони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Бобохонова Шаҳрбону Холназаровна дар мавзуи “Ташаккул ва рушди бозори хизматрасониҳои электроэнергетикӣ” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои иқтисоди, дотсент Мирзоалиев А. А баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафар Мунир, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Низомиддин Комилов, мутахассиси раёсатӣ илм ва иноватсия Раҳимова Қурбонбӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Низомиддин Комилов ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шарифова Файзигул баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии саромӯзгор Бобохонова Шаҳрбону Холназаровна бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба саромӯзгор ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment