Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

by admin
176 views
(бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Бо гузашти ҳазор сол баъд аз Сомониёни бузург соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд. Роҳи пурпечутоби дар солҳои истиқлол тайнамудаи Тоҷикистон ба садсолаҳо баробар мебошад. Дар ин давра, — қайд менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури халқи тоҷик дигаргуниҳои дар ҳақиқат инқилобие ба вуҷуд омаданд, ки ба давраҳои сипаришуда муқоисанашаванда мебошад.
Имрӯз ҳамаи сокинони мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу эътиқоди динӣ ба ҳамин ақидаанд, ки Тоҷикистон Ватани умумӣ ва ягонаи тамоми шаҳрвандони он мебошад. Дӯст доштану амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии онро таъмин кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Фарҳанги сулҳ пойдевори воқеии ҳалли муқовиматҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо гардид, ки назирашро ягон халқу миллат надида буд. Фарҳанги сулҳ қутбнамои роҳи бунёдкорони истиқлоли милли мо гардида, ҳамчун падидаи тоза ва ибратомӯзи ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ вусъат мебахшанд.
9-уми сентябри соли 1991 парламенти Тоҷикистон дар бораи Истиқлоли ҷумҳурӣ декларатсия қабул намуд. Ин рӯз дар таърихи халқи тоҷик чун рӯзи Истиқлолият ворид гардид. Тоҷикистон чун давлати мустақил ба арсаи олам ворид гардид ва зиёда аз 170 давлати ҷаҳон Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуданд. Мутобиқи Конститутсия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки қувваҳои гуногуни сиёсӣ гузашт.
Бунёдгарони исломи ва баъзе ҳаракатҳои нави сиёси барои ташаккул додани теъдоди зарурии афкори ғаразнокашон дар таърихи давлати соҳибистиқлолу озод татбиқи пешинаи аз ҳама душвори давраи гузаришро пеш гирифтаанд. Ин даврае буд, ки асоси ҷамъияти пештара барҳам мехӯрд. Аммо хукумат, ки халқ роҳбариро ба он бовар карда буд аз озмоиш нагузашт ва нотавонии худро нишон дод. Ҳукумат вазъиятро назорат карда натавонист, гузашт намуд ва қатъият нишон надод. Воқеъоти хунини Тоҷикистон боз як бори дигар нишон доданд, ки мавҷудияти қонунҳои хуби демократӣ ин маънои онро надорад, ки чизи аз ҳама асосӣ риояи қонун аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкили ҷамъияти гражданӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Вазъияте, ки қонунҳо амал намекунанд шаҳрвандон аз доираи амали қонун берун мондаанд ва аз дасти Ҳукумат амале намеояд ин ба тақсимшавии ҷамъият ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ва тезутунд гардидани мухолифати дохили меорад.
Бунёдгарон дар ибтидои Истиқлолияти бо истифода аз шиорҳои иғвогаронаи худ, ки ба паҳлуҳои аз ҳама душвори ҳаёти халқи одди дахл мекарданд, диққати мардумро аз ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти дур намуданд ва онҳоро ташвиқ намуданд, ки яроқ ба даст гиранд. Бунёдгарони исломи ва «Демократҳо» мақсад доштанд, ки аз рӯи принсипи инқилоби амал намоянд вале ба онҳо муяссар нашуд. Онҳо қонунҳои тараққиёти ҷомеаро барои Тоҷикистониён бо қисмати хело баланд пардохт намуданро талаб намуданд. Аз ҳама фоҷианокаш он аст, ки озоди ва истиқлолиятро на аз душмани беруна балки аз бародари Тоҷикистонии худ гирифтан мехостанд.
Мубориза пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле тезу тунд гардид. 11-май соли -1992 Президент Раҳмон Набиев таҳти фишори мухолифин бо иштироки онҳо ба таъсиси ҳукмати муросои милли рози шуд. Намояндагони мухолифин бояд сеяки мансабҳои вазириро соҳиб мешуданд. Аммо бо ин мубориза хотима наёфт. 7 сентябри соли -1992 Раҳмон Набиевро маҷбур намуданд, ки ба аризаи истеъфояш имзо гузорад. Ҳукумате ташкил карда шуд, ки онро Акбаршо Искандаров сарвари мекард. Воқеан ин хунрезиҳо ба ҷанги гражданӣ ибтидо гузошт. -16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд Иҷлосияи махсуси Шӯрои Олиро гузарониданд ва Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Оли интихоб гардид. 6-декабри соли -1992 муборизаи яроқнок барои Душанбе сар шуд, ки пас аз як ҳафта бо бартарии қуваҳое, ки Эмомали Раҳмонро пешниҳод намуда буданд анҷом ёфт. Аммо роҳбарони мағлубгардидаи Қӯрғонтеппа, Ғарм, Помир, ва табақаи болоии рӯҳониёни мусулмон яроқҳои худро нагузоштанд, ки ин яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид. Намояндагони зиёде мухолифин ба хориҷа ҳиҷрат карданд.
Маҳз аз ҳамин сессия сарвари давлат — 26 ноябри соли 1992 сессияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намуд, ки ҷидду ҷаҳди худро баҳри фаври қатъ кардан ва аз рӯзгори ҷомеа дур кардани ҷанги бародаркуши муттаҳид шаванд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин изҳори умед карда буд, ки муроҷиатномаи мазкурро аҳзоби сиёси ҳаракату иттиҳодияҳо ҳамаи шаҳрвандон ҷумҳури баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгири хоҳанд кард.
Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдори гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои қонуни асоси гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрванди оварда расонд, ки он воқъеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷидди дошт.
Барои ба этидол овардани вазъияту суботи ҷомеъа ва ризояту ваҳдати милли зарурияти эҷоди давлати нави ҷавобгӯ ба манфиятҳои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада буданд ва мо тавонистем, ки ин имконияти таърихиро танҳо баъди Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти Конститутсиони амали гардонем. Маҳз дар ҳамин иҷлосия мақсади худро оид ба эъмори давлати демократии, ҳуқуқбунёд ва дуняви қатъиян эълон намудем, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории навини моро муайян кард. изҳор дошт дар суханрониаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10- солгии Конститутсияи Тоҷикистон.
Умеди он ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият рушду тарақиёти Ҷумҳури ба зинаи сифатан нав мебарояд, ҳамин тавр мисли орзу боқи монд. Ба ғайр аз ин дар худи Тоҷикистон бархурдҳои сиёсси ва мухолифатҳои гуногуни гуруҳҳои этники ба фоҷиаи воқеии иҷтимои оварданд. Дар ин бора ҳисоботи Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ибтидои соли-1993 пахш карда шуда буд шаҳодат медиҳад. Дар натиҷаи муҳосираи дурударози роҳҳои оҳан ва мошингард набудани захираҳои моддию техникии зарури ва хеле зиёд гаштани кучбандии аҳоли иқтисодиёти мамлакат фалаҷ гардид.
Мавриди тазакур аст, ки маҳз масъулиятшиноси ба тақдири ояндаи Тоҷикистон ҷонибҳоро водор намуд, ки ҷангу ҷидолро яксу гузошта ихтилофоти худро атрофи мизҳои мудаввар барраси намоянд. Ҳайатҳои бо эътимоди тарафҳо роҳи тулониро тай намуда, аз гуфту шунид то гуфтушунид дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои ҳамсоя қадам ба қадам пеш рафтанд. Аз Маскв то Маскв, яъне аз оғози гуфтушунидҳо апрели соли 1994- то имзои Созишномаи умумии сулҳ роҳи тулони ва пурпечутоб аст. Дар ҳалли масъалаи тақдирсоз, дар роҳи ба даст овардани мақсади нек аъзоёни ҳизбҳои мухталифи Тоҷикистон иштирокдорони доимии гуфтушунидҳои миёни Тоҷикон буданд.
Инак он рузе, ки онро Тоҷикистониён дер боз интизор буданд, фаро расид. Ин руз 27-июни соли 1997 буд. Ин руз ба музокироти миёни тоҷикон, таҳти сарпарасти Созмони Милали Муттаҳид ҳусни хотима бахшид. «Созишномаи умуми- қайд менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози аҳмияти фавқулоддаи худ бо эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистод. Агар эъломия дар Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард.
Маҳмуд АБДУЛЛОЕВ, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих
Шердил ИСУФОВ, саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment