Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМ-ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМ-ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

by admin
12 views
Ҳар як давлат парчами худро дорад ва ин ҳодисаи муқаррарӣ набуда, балки ҳодисаи таърихист. Агар ба мазмуни луғавии ин фаҳмиш (калима) назар андозем, мебинем, ки ин мафҳум бо калимаҳои дирафш, ливо, нишон, парчам, байрақ, алам ва ғайра қайд шудааст. Барои миллати соҳибистиқлоли тоҷик таҷлил кардани рӯзи парчами давлатӣ рӯйдоди таърихист. Парчами давлатӣ дар худ умеду армонҳои халқи мамлакатро инъикос намуда, инчунин баёнгари озодӣ ва истиқлолият аст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихию адаби аҷдодони мо соҳиби парчами худ буданд. Аниқтараш аввалин маротиба Коваи Оҳангар порчаи чармиро гирифта дар чуб овезон мекард ва ҳамчун пешво мардумро гирди худ ҷамъ намуда, бар зидди Заҳҳоки хунхору золим шӯриш менамуд. Баъзе сарчашмаҳо таърихи аслии баромади дирафши Коваёниро аз ҳамон порчаи чармини Кова қабул кардаанд. Дар «Шоҳнома» мувофиқи он ки Фирдавсии бузург ходисаҳоро пайҳам ба қалам додаст, баъд аз Заҳҳок Фаридун парчами Коваро бо зару гавҳар зебу зиннат дод ва онро «Дирафши Коваёнӣ» ном кард. Дирафши Коваёнӣ байраки давлатии Сосониён буда, мутобиқи ахбороти сарчашмаҳои дигар ин парчам аз пусти ҳайвонот тайёр шуда, ороиш аз зару гавҳар ёфта будааст. Шоҳони сулолаи сосонӣ дар сафарҳо ва муҳорибаҳояшон дирафшро ҳамеша пешопеши лашкар ва сипоҳиён мебурданд. Вай чизи муқаддас ба ҳисоб мерафт ва ҳангоми ба дасти душман афтодан маънову мазмуни мағлубияти лашкар ва шикасти давлатро мефаҳмонд. Забоншиносон чунин ақида доранд, ки калимаи кова ё кови – шоҳро мефаҳмонад. Дар ин сурат «Дирафши ковиёнӣ» «Байрақи шоҳӣ» аст. Дирафши ковиён то давраи охирин ҳукмрони сулолаи Сосониён Яздигурди 3 вуҷуд дошта, дар яке аз охирин ҷангҳои арабҳо бар зидди эрониён дар Кодисия ба дасти сарлашкар Саъд ибни Ваққос ғанимат меафтад. Бо фармони халифа Умар ибни Хаттоб парчамро пора- пора карда тақсим мекунанд. Дар аҳди бостон ҳангоми разм зери парчам ҷамъ омадани ҷанговарон якдилӣ, ғайрат ва нишони пирӯзӣ башумор мерафт. Парчами сафед барафрохтан дар ҷангҳо ва шӯришҳо маънои сулҳ хостан аз мубориза даст кашидан ва таслим шуданро баён мекард. Парчамдориву парчам барафрохтан аз аҷдодони бузургамон ба мо мерос мондааст. Дар садаи 20-ум ҳангоми парафшони кардани парчами собиқ Иттиходи Шӯравӣ парчами Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз вуҷуд доштани давлати миллии точикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин ливо мардум ба ҳимояи Ватан бар мехестанд ҷони худро нисор мекарданд ва ба сӯи корномаҳои бузург мерафтанд. 9-уми майи соли 1945 чун нишони ғалабаи халқи Шӯравӣ бар зидди фашистон парчами давлати Шӯравӣ дар болои бинои Рейхстаг парфишон шуд. Баъди пош хӯрдани давлати бузурги Шӯравӣ ҷумҳуриҳои он ба истиқлолият расиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи тақдирсози 16-ум баргузор гардид ва аввалин масъалае, ки мавриди муҳокима қарор ёфт ин қабули парчами Тоҷикистон буд . Имрӯз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Чаноби Олӣ Призденти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои кӯллӣ дар ҳаёти сиёсӣ-фарҳангии мамлакат рӯх дода истодаанд ва миллати тоҷик бо сардории Пешвои худ 24-уми ноябр рӯзи парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази пойтахт макони бунёди парчами давлатии кишварамонро расман ибтидо гузошт. Дар гирди бунёди сутуни бузурги парчам майдони бошукӯҳе сохта шуд. Ҷавонони бонангу номуси миллат чун арҷу эҳтиром рӯзи хонадоршави ба пояи сутуни парчами Ватан гулҳо гузошта аксбардорӣ мекунанд. Парчами давлатии Тоҷикистон аз паҳлӯи чапи Қасри миллат ҷойгир аст ва баландиаш 165-метр буда, аз тарафи бинокорони корхонаи Алюминсоз ва ширкати байналмилалии Трайдент Саллот бунёд ёфт.Андозаи парчам 30-метр,андозаи паҳлуяш 60 метр мебошад. Сарвари миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми ноябр лоиҳаи «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод намуд. Мувофиқи ин лоиҳа 24-ми ноябр рӯзи парчам қабул шуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қонуни мазкурро қабул кард ва рӯзи 19-уми ноябр Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар тасдиқ намуд. Мувофиқи Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд,ки аз соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии кишвар шаҳодат медиҳад. Ҳангоми баланд бардоштани парчами давлати ифтихори ватандорӣ дар вуҷуди ҳар як инсони баору номус дучанд эҳсос мешавад, ки ин яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ мебошад. Чуноне ки сарвари давлату миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро, не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад, манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ, бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне хештаншиносӣ дар маҷмуъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯиро дорад.» Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуда буд.
Рангҳои сурху сафеду сабз чун бахту толеи тоҷикон ҷилваи тоза гирифта ба сӯи Ваҳдат роҳамонро равшан сохт. Парчам таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзи давлатдории гузаштаи тоҷикон аст.Вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо эҳтироми парчам ва қадри онро донистан аст. Парчами мо аз матои росткунҷае, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқи кашида шудааст иборат аст ва дар болои рахи сафед бо зарҳал рамзи тоҷ ва ба шакли нимдоира ҳафт ситора тасвир карда шудааст . Рахи боло сурх мобайни сафед ва поёни сабз аст. Тибқи талаботи низомнома парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои биноҳои кароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Чумҳурии Тоҷикистон, макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷамоатҳо доимӣ барафрохта шудааст. Ҳангоми гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси милли маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешаванд, дар давраи гузаштани маҷлис парчам барафрохта мешавад.
Дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравии мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда дар болои бинои вазоратҳо, идораҳои давлатӣ, кумитаҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо. иттиҳодияҳою ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоту биноҳои истиқоматӣ парчам барафрохта мешавад.Берун аз Ватан дар хориҷа дар болои биноҳои дипломатӣ ва консулӣ, муассисаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар воситаҳои наклиётии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Рӯзҳои интихоботу райдиҳӣ, ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзҳо нуқтаҳои гумрукӣ дар толорҳо парчам барафрохта мешавад. Мутобиқи талаботи банди 4 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парчами давлатии Ҷумхурии Точикистон дар кабинетҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси милли ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакили халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро қабул мекунанд ҷойгир карда мешаванд.»
Дар киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвири парчами давлати ҷойгир карда мешаванд. Ҳурмату эҳтиром нисбати парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, ки муқаддасоти давлатамон мебошанд қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва шахсоне, ки ба таҳқири ин муқаддасот гунаҳгоранд мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Аминҷон РАҶАБОВ саромӯзгори кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳӣ.

Related Articles

Leave a Comment