Home ХАБАР МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН

МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН

by admin
70 views
Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли парчам, нишон, суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.
Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоии ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи “Волейбол”-ро роҳандозӣ намуд.
Имрӯз маросими ифтитоҳии мусобиқаи мазкур дар толори варзишии донишгоҳ доир гардид.
Мусобиқа аз санаи 22-юми ноябр то санаи 23-юми ноябр идома хоҳад ёфт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибони мусобиқа аз ҷониби садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ бо медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Related Articles

Leave a Comment