Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ – КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ – КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

by admin
192 views
Инак се даҳсола сипарӣ гашт. Оре, се даҳсолаи орзую омолҳои халқи ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ гашта. Халқи парешонгашта. Халқе, ки солиёни дароз беҳбудию осоиштагии рӯзгорро дар дил мепарварид.
Дар ҳақиқат, рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ фарзанд падар гум карду падар фарзанд, модар дар суроғи ҷигарбанд буду оби ҳасрат аз дидаи хунбор мерехт. Ҳеҷ як нафаре пайдо намешуд, ки оташи ҷангро хомӯш кунад, Тоҷикистони азизи мо дар оғӯши оташ буд, давлат рӯ ба таназзул ниҳода буд, мардум гурусна буд, барои як бурда нон дар дари мағозаҳо соатҳо дар навбат меистоданд, ба баъзе ақибмондаҳо нон намерасид… Оҳу афғони модарону кӯдакон гӯши афлокро медарронд. Тоҷикистон ба вартаи нестӣ рафта истода буд…
Шонздаҳуми ноябри соли 1992. Рӯзе, ки дар сафҳаи таърих бо хатти заррин сабт гардид, рӯзе, ки Худованд ба болои сари мардуми сарбаланди тоҷик роҳбареро фиристод, мардум сарвари худро ёфт, бале, мардуми ҷангзада, мардуми гуреза соҳиб пайдо намуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи муборак, рӯзе, ки Эмомлӣ Раҳмонов раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Хушбахтии мардум ҳадду канор надошт, ҳама нобасомониҳо оҳиста-оҳиста паси сар шудан гирифтанд. Дар чунин шабу рӯзи ноором Сарвари мамлакат чандин маротиба бо мухолифин гуфтушунидҳо барои оромию осоиштагии мардумаш гузарониданд.
Тоҷикистони азизи моро фазои оромию субот фаро гирифт. Тақдири ҳазорон ҳазор гуреза, ки дар дашту биёбонҳои Афғонистон аз ташнагию гуруснагӣ ҷон медоданд, ҳал гардид. Онҳо бо шарофати ин марди наҷиб, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба Ватани аҷдодии хеш баргаштанд, боз аз оби Ватан нӯш карданду аз боду ҳавояш нафас гирифтанд.
Ҳамаи ин натиҷаи ана ҳамон Иҷлосияи тақдирсоз, натиҷаи Ваҳдату Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мардум тинҷу орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдат ва ягонагию якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. Тоҷикистон азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, боғу гулгаштҳояш макони тамошо, обҳои мусаффояш тасаллибахши дилҳо, гулу гиёҳҳояш ба дардҳо шифо мебахшанд. Мардуми аз хориҷ омада ҳайратзада аз Ватани биҳиштосои мо мешаванд.
То имрӯз душманони халқу Ватани мо аз дур лофи беҳуда мезананд, бадгӯйиҳо атрофи сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон мекунанд. Онҳо аз ҳасад ин роҳро пеша кардаанд. Аммо дониста бошанд, ки мо дигар он мардуми дар ғафлат монда нестем ва ҷавонони тоҷик ақли солими хешро ба кор мебаранд ва ҳеҷ гоҳ бо роҳи он хиёнаткорони Ватан намераванд.
Мо аҳли зиё мекӯшем, ки атрофи сиёсати фарҳангдӯстонаи Сарвари оқилу хирадманди хеш ҷамъ омада, бо фаъолияти пурсамар дар ҳама самт сазовори боварии Пешвои миллати хеш бошем, мекӯшем, то сухани ваҳдат, сухани оромию субот, сухани муҳаббату садоқат ва сухани меҳру вафодорӣ вирди забони хурду бузурги ин Ватани биҳиштосо бошад. Дар ҳақиқат, агар ҷое сухан аз Ваҳдату Истиқлолият оғоз ёбад, он маъво маъвои меҳру муҳаббат, маъвои оромию ободӣ ва аз он сухан бӯи муҳаббат, бӯи вафодорӣ ва бӯи садоқат меояд. Бигузор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ваҳдату ягонагию якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва меҳру муҳаббат зери Парчами Истиқлолият танинандоз бошад.
30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама ҳамватанон самимона муборакбод мегӯям. Бигузор, дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу ваҳдат ва истиқлолият абадӣ бимонад.
Холиқова ЗАЙНАЛБӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment