Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АНДАР БАЁНИ ГУНОГУНАНДЕШӢ

АНДАР БАЁНИ ГУНОГУНАНДЕШӢ

by admin
228 views

ВУРУД…

Аз таҷрибаи наздики 10-солаамон дар олами маҷозӣ ба хеле инсонҳои вораста ва паст рӯбарӯ шудем. Шукр аз он мекунем, ки шахсиятҳоеро шинохтем, ки чеҳраҳои онҳоро аз телевизион то мурданамон шояд намедидем, бо журналистони беҳтарин шинос гардидем, ҷавонони ҳушманде ба дӯстӣ қабуламон карданд. Озодмардони ин миллатро дар олами маҷозӣ хеле зиёд дарёфтем. Нигоҳу дидгоҳамон нисбат ба ҷомеа ва мардум дигар шуд! Чашмамон кушода гардид!

ГУНОГУНАНДЕШӢ…

Дар як ҷомеаи демократӣ зистан маънои онро дорад, ки ба гуногунандешӣ эҳтиром бояд гузорӣ! Замоне андешаеро мекорӣ ва дигарон ба ҷойи он ки назари худро нависанд, ба таҳқиру таҳвинат мегузаранду «чоплус», «фабрикаи ҷавоб» ва «ҳукуматӣ»-ат мехонанд, боиси таассуф аст. Ин асолатбохтагон ба бемории «Ман ҳақ ҳастам» гирифторанд. Вагарна, ба гуногунандешӣ арҷ мегузоштанд. Диктатори ҳақиқӣ ҳаминҳоеанд, ки мехоҳанд мисли онҳо андеша дошта бошӣ, мисли онҳо дигаронро бад бинӣ ва киро дӯсту киро душман донӣ!

Бояд қайд намуд, ки як инсони худпараст ва мутакаббир хаёл дорад, ки ҳама мисли ӯст! Аз ин рӯ, аз ин гурӯҳи бемор хафа шудан убол аст. Гуфти устод Ашӯр Сафар «пашорам» намебарад. Ин қисса баҳри ин гурӯҳи инсонҳост.

Марди хирадманде ба шогирдонаш чунин насиҳат кард:

— Одамон ба се шакл ҳамдигарро таҳқир мекунанд. Онҳо метавонанд дигаронро аҳмақ гӯянд, ё ғулом ҳисоб намоянд, ё ғайриқобили амал пиндоранд. Агар чунин иттифоқ бо шумо пеш ояд, воқеияти одиеро ба назар гиред:

  1. Танҳо як одами аҳмақ дигариро аҳмақ ном мебарад, зеро ӯ маънои аҳмақиро хуб дарк мекунад.
  2. Фақат ғулом дар симои шахси дигар ғуломиро дидан мехоҳад, зеро дар бадбахтиҳояш худро танҳо диданӣ нест.
  3. Ва танҳо одами аз дасташ коре намеомада беақлии ашхоси ношиносро аз сари нофаҳмӣ сафед карданӣ мешавад…

ТАРАФДОРӢ…

Масалан, мо дар ҳамин давлат маълумот гирифтему соҳиби обрӯ гардидем ва ҳоло беҳтарин маош мегирему зиндагии хуб дорем. Пас, чаро бояд андешаҳои зиддидавлатӣ дошта бошем? Чаро? Давлат аз кӯдакӣ то ба ҳол амнияти моро таъмин карда истодааст, дигар бояд чӣ хоҳем? Ҳар орзуе, ки доштем, бо кӯшиши худ ба он расидем. Ва ин маънои онро надорад, ки мо ноҳақ ҳастем.

Ҳар кас ҳақиқатҳои шахсии худро дорад ва инсонҳо бояд ба ҳақиқатҳои доштаи ҳамдигар эҳтиром гузоранд. Касе мегӯяд, ки танҳо ман ҳақ ҳастам, ӯ бемор аст ва бояд табобат шавад! Ҳақиқати кул танҳо назди Худост!

Аз ин рӯ, ин қадар ба ҳақиқатҳои шахсии худ фирефта нашавед!

ИНСОНӢ…

Ман ба ҳайси як устоди донишгоҳ гуногунандешӣ ва эҳтиром ба онро ҳамеша миёни донишҷӯён талқин мекунам, то мисли дигарон диктатор нашаванд. Ҳатто бархе аз донишҷӯён ба андешаҳои ман низ зид мебароянд, ки ҳалолашон бод!

Дар тиннати кӯдаки тоҷик гуногунандешӣ ва озодиро бояд тарбият намуд!

Замоне аз оила як диктатор бо номи ПАДАР ва ё МОДАР ва ё БАРОДАР моро тарбия мекунад, пас, чӣ гуна сарфаҳми гуногунандешӣ меравем?

Камбахтона, замоне як рӯшанфикри мо чунин мепиндорад, ки ӯ ҳақ аст ва бояд ҳама ӯро пайравӣ кунад, чӣ гуна диктатор нашавем?

ХУДШИНОСӢ…

Шахсияти ҳар як инсон барои худаш равшан аст ва он нафаре, ки шуморо бо тамоми хислатҳоятон мешиносад, худи шумо ҳастед. Пас, дар назди худ боадолат бошед, эҳтироми шахсияти худро гузоред ва ба гуногунандешӣ эҳтиромро қоил бошед!

Дигар паноҳи он нафароне, ки шахсияти туро намешиносанду дар бораат қазоват мекунанд, ба Худо!

Ҷаҳонгир Рустамшо, сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори Дониш»

Related Articles

Leave a Comment