Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”

by admin
233 views
Санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и назди кафедраи фалсафа бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи фалсафа Абдуллоев Насрулло, саромӯзгори кафедра Раҷабов Аминҷон, ассистенти кафедраи фалсафа Фарангиси Туразода, ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Раҷабов Аминҷон доир ба рафти маҳфил ва пешбурди он баромад намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Исматова М, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Фалсафаи асримиёнагии Шарқ”, Гардализода М, донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология дар мавзуи “Масъалаҳои маодшиносӣ дар фалсафаи Ибни Сино ва таъсирҳои он ба саломатии руҳии инсон” ва Муҳибаи М, донишҷӯи курси якуми факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи “Таъсири терроризм ва экстремизм ба иқтисодиёт” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб ба анҷом расид.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и кафедраи фалсафа солҳои зиёд аст, ки ба роҳ монда шуда, моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Ва соли қабл дар озмуни “Маҳфили беҳтарини сол” сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Related Articles

Leave a Comment