Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

by admin
114 views
Дар таърихи 16-уми ноябр дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рӯзи Президент” ва “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра Изатулоев Куган, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он Акбарова Маҳрамбӣ, саромӯзгори кафедраи мазкур Давлатов Тулқун ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал мудири кафедра Акбарова Маҳрамбӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд: “Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва дурнамои ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Бинобарин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар сиёсати пешгирифтаи худ дар ҷои аввал гузоштааст ва ин нуқтаро дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ борҳо ироа намудаанд. Дар вобастаги ба ин аз ҷониби Пешвои миллат барои васеъ намудани тафаккури техникии насли наврас ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва дар амал тадбиқ намудани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид”.
Сипас, Гулматов М саромӯзгори кафедра фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ҳалли баъзе мисолҳо оид ба амали зарб дар дасхати “Маҷмаъ- ул — арқом” -и Мирзо Бадеӣ Девон”, Сайдаҳмадова С ассистенти кафедра дар мавзуи “Илмҳои табиатшиносӣ ва нақши онҳо дар рушди ҷомеаи инсонӣ”, Мавлонов С ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Методҳои ҳалли масъалаҳои матнӣ бо ёрии муодилаҳои хаттӣ ва кватратӣ”, Гиёев Тоҳир, донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Омилҳои иқлимӣ ва таъсири он ба табиат”, Шарофиддинзода Фирӯза, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Моҳияти ҳалли масъалаҳои математикӣ дар синфҳои ибтидоӣ”, Атоев Нематулло, донишҷӯи 4-уми факултаи мазкур дар мавзуи “Ёфтани тақсимшаванда ва тақсимкунандаи номаълум дар ҳалли муодилаҳои хаттӣ дар синфҳои ибтидоӣ” баромад намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment