Home ХАБАР ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШУРОИ ОЛИМОН

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШУРОИ ОЛИМОН

by admin
90 views
Имрӯз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ толори Шурои олимон ифтитоҳ гардид.
Дар рафти ифтитоҳи он ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аҳли раёсат иштирок намуданд.
Нахустин маротиба дар ин толори зебову бо тамоми шароитҳо муҳайё ҷаласаи Раёсати донишгоҳ гузаронида шуд. Зимни суханронӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек қайд намуданд, ки созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ният дорем, ки ободкориву созандагӣ оянда низ идома ёбад. Аз ҷумла, зикр карданд, ки: “Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем”
.
Зикр гардид, ки ташкили чунин толорҳои зебову барҳаво дар ҳар як факултет ба нақша гирифта шудааст ва зина ба зина ин созандагӣ идома хоҳад ёфт.
Сипас, мушовирони ректор дотсент Изатуллоев Куган ва Зафар Мирзоён суханронӣ намуда, ин иқдомро дастгирӣ карданд.
Сипас, олимони донишгоҳ нисбат ба Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент баромад намуда, шукргузорӣ аз он карданд, ки имрӯз як кишвари тинҷу амонро соҳиб ҳастем.

Related Articles

Leave a Comment