Дар таърихи 4 -уми ноябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъулият ва ӯҳдадориҳои асоси донишҷӯён дар донишгоҳ» баргузор гардад.
Дар семинар ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, мутахассиси пешбар Изатов Умедҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар маърӯзаи худро оид ба масъулият ва ӯҳдадориҳои асоси донишҷӯён шарҳ дода, ҷиҳати такмили маҳорати минбаъдаи донишҷӯён маслиҳатҳои муфид ироа намуд. Аз ҷумла оид ба вазифаҳои сардори гурӯҳи таълимӣ ва либосҳои тавсиявию истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва бо мошинҳои шахсӣ ба донишгоҳ наомаданӣ онҳо қайд намудан.
Дар охир атрофи мавзуи зикргардида донишҷӯён саволу ҷавоб карда, посухҳои мушахас гирифтанд.