Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

by admin
289 views
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияи соҳибистиқлолии худ оғоз намуд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии мо тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Чунки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихи инкишофи худ ворид шуда дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳама соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа оғоз гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи давлатдории навини худ бо роҳи демократию бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ шурӯъ намуд.
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Табиист, ки Конститутсияи мамлакат муаррифии давлати мустақили Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб мешавад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо ба эътибори коршиносони мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз зумраи Созмони Милалӣ Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз инрӯ мардуми Тоҷикистон дар муқаддимаи худ ба қабули Конститутсияи кишвар изҳор доштаанд: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Дар воқеъ қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро ба худ касб намудааст. Дар низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ҳамчун мавҷудоти олӣ мақоми барҷастаро ба худ касб кардааст, ки вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши муҳимми миллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Хусусан боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бевосита аз эҳтироми баланди давлат нисбат ба инсон ва ҳамчун сарчашмаи олии олами ҳастӣ шуморидани инсон аз ҷониби давлат арзёбӣ мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай ба сифати арзиши олӣ эҳтиром мегарданд. Ҳуқуқи инсон дар ҳимояи қонун қарор дошта, шахс аз ҳуқуқ ба соҳиби моликият будан, ҳуқуқ ба истироҳат, муҳоҷират, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳуқуқ ба маълумот, иштироки бевосита дар фаъолияти илмӣ, педагогӣ, эҷодӣ ва ҳуқуқ ба муҳоҷирату озодона интихоб намудани макони зист истифода менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даҳ боб ва сад модда иборат аст, ки сию чор моддаи он ба ҳуқуқ, озодиҳо, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, афзалияти давлатро дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ бори дигар тасдиқ менамояд. Ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагикунанда, тибқи меъёрҳои Конститутсия аз ҳуқуқу озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд.
Масъалаи дигаре, ки ба ҳуқуқ ва озодии шахс таъсири калон мерасонад ин масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодии сиёсии шахс мебошад. Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи маҳсус доранд. Дар муқоиса ба дигар гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Хусусан иштироки озоди шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ, дар раъйпурси иштирок намудан, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат медиҳад. Дар баробари ин одамон имконият доранд, ки дар маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, намоишҳо иштирок намоянд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо сохтори давлатӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлатӣ ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст.
Муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин боз дар он ифода меёбад, ки тибқи моддаи 34- Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз инҷост, ки падару модаронро ба хотири нигоҳдошти урфу одат, ҳастии миллат ва бунёди ҷомеаи солим дар таълиму тарбияи фарзандон масъул ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар ҳангоми барҷомондагӣ ва пиронсолӣ муваззаф гардонидааст, ки ин рамз яке аз арзишҳои муҳимтарини миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Ҳамин тавр Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 28 соли арзи вуҷудаш барои устувор гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, ҳамчун бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.
Файзов РАМАЗОН, саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment