Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

by admin
136 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фарзонаи Сайфиддин дар мавзуи “Афкори ахлоқӣ- педагогии асари ибни Туфайл “Ҳай ибни Яқзон” ва аҳамияти он дар тарбияи насли наврас дар шароити муосири таҳсилот” (роҳбари илмӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Грез) баргузор гардид.
Дар муҳокима номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Грез, ноиби ректор оид ба тарбия, дотсент Назаров Ҳотамшо, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, дотсент Лоиқов Парвиз, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педадгогӣ, номзади илмҳои педагогӣ Сироҷиддини Давлаталӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Изатова Муҳаббат, доктори илмҳои педагогӣ, профессор ва Мирзоев Салим, доктори илмҳои педагогӣ, профессор баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторантураи PhD Фарзонаи Сайфиддин бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment