Home ХАБАР ИШТИРОКЧИЁНИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ ОМАДАНД

ИШТИРОКЧИЁНИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ ОМАДАНД

by admin
152 views
Санаи 4-ноябри соли равон иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омаданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва муовинони ректор истиқбол гирифтанд. Баъди ворид шудани иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба донишгоҳ аз намоиши ташкилнамудаи донишгоҳ дидан намуда баҳои баланд доданд.
Дар қисмати дигар дар толори фарҳангии донишгоҳ ҳамоиши бошукуҳе доир гардид. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, ҳайати меҳмонон ва дигар шахсон ширкат варзиданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки равобити дӯстии ду кишвар ба ҳам дӯсту бародар аз азал буд ва то охир боқӣ мемонад. Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки дар пайванду паймони дӯстии ин ду миллати бузург хизмати шоирону адибони замон хеле бузург аст. Сипас, Доктор Маҳмуд Солорӣ муовини вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии исломии Эрон баромад намуда, ба хотири пешвози гарму ҷӯшон миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон, изҳор дошт, ки ба хотири пойдору устувор боқӣ мондани дӯстии байни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон пайваста кӯшиш мекунанд, ки чунин сафарҳоро анҷом диҳанд. Дар идомаи ҳамоиш, иштирокчиёни рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон шеъру сурудҳои ҷаззобро пешкаши ҳозирин намуданд.
Бояд қайд дошт, ки мақсад аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон пайвандагари арзишҳои маънавии ду миллати соҳибтамаддун, шинохт аз фарҳангу аҳли башар, пурқувват намудани риштаи дӯстӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба мебошад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон аз 30 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Related Articles

Leave a Comment