Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”

by admin
92 views
 Санаи 21-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и назди кафедраи фалсафа бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ баргузор гардид.
Сараввал роҳбари маҳфил Раҷабов Аминҷон доир ба рафти маҳфил ва пешбурди он баромад намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Анисаи Мирзоалӣ, донишҷӯи курси дуюми факултети химия, биология ва география дар мавзуи “Фалсафа — доираи проблемаҳо ва нақши он дар ҷомеа”, Тошматов Умарҷон, донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва таҳаввулот дар ҳаёти инсон” ва Фахриддинова Гулизор, донишҷӯи курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб ба анҷом расид.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и кафедраи фалсафа солҳои зиёд аст, ки ба роҳ монда шуда, моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Ва соли қабл дар озмуни “Маҳфили беҳтарини сол” сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Related Articles

Leave a Comment