Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Аз ин хотир имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯёни факултет дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 гузаронида шуд.
Дар ҷаласа декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба тарбия Ашурова Саодат, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо ва падару модари донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар сӯҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Аз ин хотир, волидони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.
Дар охир ба падару модароне, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва тарбияи намунавӣ таҳсил мекунад бо сипосномаи таъсиснамудаи факултет қадрдонӣ карда шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.