Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
79 views
 Санаи 18-уми октябр дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзуи “Сабабҳои вайроншавии оила аз нигоҳи психологӣ” баргузор гардид.
Дар семинар Шарипов Анвар, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, Бобоев Худобахш, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳайати донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар семинар Шарипов Анвар дар мавзуи “Сабабҳои вайроншавии оила аз нигоҳи психологӣ” суханронӣ намуда қайд карданд, ки яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи имрӯза ин ноустувории оилаҳои ҷавон ва кандашавии ақди никоҳ дар байни онҳо мебошад. Воқеан ҳам масъалаи мазкур ҷомеаи на як кишвари мо, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Олимон, мутахассисон ва масъулини мақомотҳои давлатӣ дар ин самт аз замони пайдоиши оилаи инсонӣ дар рӯи замин то кунун кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар роҳи барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Масалан мутафаккири юнони қадим Арасту дар ин самт чунин иброз намуда буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост».
Дар охир семинар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment