« Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем»
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият барои ҳар як миллат неъмати бебаҳо, бузургтарин муқадассот ва ҷашни бошукӯҳ аст, зеро он омили ифтихори миллӣ, пояи рушд ва заминаи устувори ваҳдату якпорчагии давлат мебошад. Мардуми тоҷик 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва аз он замон то имрӯз 9 сентябр Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Тӯли 31 сол аст, ки Тоҷикистон зери парчами соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ пайваста ба комёбиҳои бузург ноил мегардад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ , бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор дорад, ки сию як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода , аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Дар тӯли 31 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати хориҷии муваффақи худ бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Ҳоло муносибатҳои дутарафа бо мамлакатҳои хориҷӣ дар роҳи инкишоф додани дустӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек ба нафъи халқҳои мамлакат натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.
Мо ҷавонон бояд ба қадри Истиқлолият бирасем ва онро бо баҳои ҷонамон ҳифз намоем. Ҳамзамон , мо ҷавонон таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кушиш ба харҷ диҳем, ки саҳми худро дар рушди ояндаи давлат гузорем.
Бобоев КОМРОН, докторанти Институти химия ба номи В.И. Никитини Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон
Досаев СУҲРОБ, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ