Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН

by admin
90 views
 Имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет Давлатов Миралӣ, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, доктори илмҳои педагогӣ Иззатова Муҳаббат, ҷонишини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ ва падару модари донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар сӯҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд аст. Аз ин хотир, волидони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст.
Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароите, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардаанд, дидан намуданд. Инчунин, аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Related Articles

Leave a Comment