Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

by admin
76 views
Имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби доктори илмҳои педагогӣ Иззатова Муҳаббат дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Забон-ҳастии миллат” ва “Муаллим-чароғb маърифат” дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси томактабӣ баргузор гардид.
Дар дарс декани факултет Давлатов Миралӣ, ҷонишини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ, омӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шоҳимардонова Мунира ва дигар омӯзгорону донишҷӯён шаркат варзиданд.
Сараввал дарсро муаллима Иззатова Муҳаббат оғоз намуданд. Баъдан Фарзонаи Сафаралӣ, донишҷӯи курси 2- юми факултети омӯзгорь ва фарҳанг дар мавзуи “Мақоми омӯзгор дар ҷомеа” ва Мубораки Абдураҳмон, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Забон-ҳастии миллат” суханронь намуданд.
Инчунин, аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар ситоиши забон ва омӯзгор қироат гардид.
Дар охир декани факултет Давлатов Миралӣ суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment