Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАБОНИ ТОҶИКИРО ЗАБОНИ ДУЮМИ АҲЛИ ҶАННАТ МЕГӮЯНД

ЗАБОНИ ТОҶИКИРО ЗАБОНИ ДУЮМИ АҲЛИ ҶАННАТ МЕГӮЯНД

by admin
174 views
Муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ — ин ганҷи бебаҳост, ки дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд:–«Моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдодони некноми худ бегазанд ба мерос монем». Ин дастури Пешвои муаззам қобили қабул ва боиси дастгирии умум аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар кадоми мову Шумо ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст.
Аслан дар забони тоҷикӣ, мафҳуми «манфиат» ба маънии фоида, суд ва нафъ ба кор бурда мешавад. Лекин дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки набардҳои идеологӣ унсури таркибии муборизаҳои геополитикиро ташкил медиҳанд, маънои асосии ин мафҳум бештар ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва ҳифзи онҳо вобастаю пайваста мебошад. Барои шахс, ҷомеа ва давлату миллат аҳамиятноку муҳим, фоидаовару муфид мебошанд, манфиатҳои миллӣ номидан мумкин аст. Манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳар қадаре, ки бо ҳам мувофиқ бошанд, ҳамон андоза муносибатҳои мутақобилаи ҷомеа ва давлат беҳтар гардида, рушди бомарому устувори онҳо таъмин мегардад.
Ҳимояи манфиату арзишҳои миллии Тоҷикистони азизамон, неруи пешбарандаи рушди ҷомеа ва заминаи асосии фаъолнокии одамон ба шумор рафта, кафили пешрафти давлату миллат маҳсуб меёбанд, ки шаҳрвандони мо, бахусус ба шумо муроҷиат мекунам – муҳтарам донишҷӯён бояд аз онҳо бахубӣ огаҳӣ дошта бошед.
Ақрабаки соат тиқ–тиқ карда, ченаки вақтро нишон медиҳад. Инсон бехабар аз он ки умри ӯ мегузарад, чашм ба ақрабаки соат медӯзад. Вақт мегузарад, умр меравад. Гоҳе босамар, гоҳе бесамар. Ҳамеша ба саволи худ ҷавоб меҷӯему аз ғайб ҷавоб мешунавем. Ҷавобаш таҳаммулнопазир аст, лекин таҳаммулаш мекунем. Тоқатнопазир аст, лекин бардошт мекунем. Мисли ҳақиқат талх асту қабулаш дорем, чунки гунаҳкорем.
Гунаҳкорем дар назди Худованд, ки шукронаи неъмати атонамудашро накардем. Ё дар назди волидайни худ, ки дар пирӣ хизмати онҳоро на¬кардему хоки пояшонро нури басар нанамудем. Гунаҳкорем дар назди насли худ, ки баҳрашон меросе арзишманд нагузоштем. Ё дар пеши инсофи худ, нисбати он вақте, ки барои саводомӯзӣ буд, босамар истифода набурдем.
Оҳ, тақдир чигуна сахту сангин, талху нангин аст, гузаштаи хубаш сар¬баландист, гузаш-таи бебақояш беномусӣ. Оҳ мекашем, оҳ аз дили пурдард, аз айёми гузашта, аз вақти аз даст рафта. Хонеду сабақи абадӣ гиред, дӯстон!
Ҳоло ҳам бо ин устодони неку хирадманд дар ин бинои муқаддасу боҳашамат имкониятҳои зиёду муфиде доред!
Вагарна танҳо афсӯс мехӯреду амалҳои ояндаатон бенатиҷа мемонанд.
Беҳуда нагуфтаанд: — «Дӯстонамонро мо худамон интихоб мекунем, лек беҳтаринашонро гузашти айём бароямон муайян менамояд».
Мутолиаи китобу сайди маъниашро дӯст доред, зеро чунин дӯст танҳо ба роҳи рост ҳидоят намуда ҳеҷ гоҳ хиёнат ба Шумо намекунад.
Хурсандиовар ва боиси қайди махсус он аст, ки маъмурияти шаҳрдорӣ ва мушаххасан бо сарпарастии Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Бахтиёр Назарзода Худоёр ба ин омили тамаддунсози ҳаёти ҷамъиятии сокинони Кӯлобшаҳр (омода намудани гӯшаи китоб, мутолиа ва азхудкунии мақолаву маҷаллаву китобҳо дар такшкилотҳо, идораҳову муассисаҳо, хусусан аз ҷониби ҷавонон, мактаббачагону донишҷӯён пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанду аз зердастонаш ва тавассути роҳбарони мақомот таъмини қатъии иҷрои ин супоришро доимо мадди назар гирифтааст.
Ва ниҳоят мехоҳам мисраҳои пайёмбаронаи Устод Айниро бароятон қироат намоям:
«Мактаб ба ту ёд дод илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар мактаб гӯянд,
Одам нашавад касе магар аз мактаб.»
Хониши хубу аъло, ба қуллаҳои осмонӣ расидан дар азхуд кардани донишу илмҳо, зираку ватандӯст будан дар замони муосири рақамӣ ин аст дар шароити кунунӣ таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шумо муҳтарам донишҷӯёну унвонҷӯёни ДДК ба номи Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ.
Забони тоҷикиро забони дуюми аҳли ҷаннат мегӯянд. Бешак дуруст аст. Мо мувазаффем ҳамеша дар пойдориаш, асолаташу шириниаш устувор бошем.
Бузургон фармудаанд: —
«Ҳарки бо забони худ сухандон гардад,
Омухтани сад забонаш осон гардад.»
Дар кадим як анъанае буд. Ҳарки мехост фарзандаш олим шавад аввал ба ӯ Қуръонро меомӯхт бад қоидаи забонро. Пас худаш кадом самтеро интихоб мекард. Маҳз шояд ҳамин анъана буд, ки беҳтарин бузургон ба дунё омаданд ва чаҳониёнро шефтаи эҷодиети беҳамтои худ карданд.
Беҳтарин муаллим он шахсе мебошад, ки шогирдашро ба танҳои муҷозот накунад, ҳаргиз ӯро мунзири худ накунад, хатто хонандаи пасив бошад ҳам дар ниҳоди ӯ як завқе, як салиқае нӯҳуфтааст, ӯро бедор намояд. Бигузор шогирд ҳамеша пазмони дарсат бошад. Бештар аз пандҳои ҳакимонаи Бузургон истифода намояд.
Иди касбии омӯзгорро, Иди забони давлатиро ба ҳамагон, хамсабакон, ватандӯстон муборак мегуям.
Зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои азизи миллат, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фархунда бод. Орзуманди онем, ки ҳамеша танашон сиҳат, қалбашон ором ва айём ба комашон бошад.
Ҳамзамон, тамоми кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯӣ (оперативии) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда ба онҳо тани сиҳату умри дарози бобаракат ва дар корҳояшон баҳри пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии он бурдбориҳо хоҳонам. Идатон муборак бошад дӯстони гиромӣ!
Дар фарҷоми баромад аз номи ташкилоти чамъиятии Кумитаи кор бо чанговарони интернатсионалисти шаҳру минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шахсони зерин Ифтихорномаи ташкилот супурда шуд. Инак, ба: —
1. Нозимзода Файзулло Ватан — сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия;
2. Давлатзода Раҳмон — сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб, генерал-майори милитсия;
3. Қунғуротзода Фотеҳ – сардори ШВКД ҶТ шаҳри Кӯлоб, генерал-майори милитсия;
4. Раҳмон Дилшод — ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
5. Зафар Мирзоён — устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ховаршинос-собиқадори ташкилотамон;
6. Ҷуъмахон Алимӣ — устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор, доктори илмҳои филологияи тоҷик-собиқадори ташкилотамон;
7. Мирзоев Ғоибназар — устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент, номзади илмҳои филологияи тоҷик.
Бахтиёр РАҲМОНОВ, полковник, Раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти
шаҳру минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Related Articles

Leave a Comment