
Ба ин хотир, имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯёни гурӯҳи 105-и ихтисоси рӯзноманигорӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Муродов Ҷамил, ҷонишини тарбиявии факултет, ҳамчунин куратори гурӯҳи академӣ, Кенҷаева Озодамо, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон ва падару модари донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар суҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд аст. Аз ин хотир, волидони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.
Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароите, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардаанд, дидан намуданд. Инчунин, аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.