Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
216 views
Санаи 5-уми октябр  дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Омӯзгорон — роҳнамои боэътимоди ҷомеа” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ Наврӯз Носирӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, суханро декани факултет, дотсент Расулова Лутфия оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Ҳафтаи омӯзгор шодбош гуфта, қайд намуданд: “Басо хушоянду фараҳбор аст, ки дар диёри соҳибистиқлоли мо Рӯзи омӯзгорон муқаррар шудааст ва он ҳамасола таҷлил мешавад. Таҷлили ин фархундарӯз худ далели барҷастаи эҳтирому эътиқод ва самимият ба омӯзгор ва пешаи наҷиби ӯст. Халқи тоҷик табиатан ихлосманди устодон аст ва бо онҳо бо камоли бовару эътимод муроҷиат мекунаду ҳама корро бо дасти дуои устодон ва бо ҳидояти онҳо оғоз мебахшад. Адабиёти ғанию пурмуҳтавои тоҷик далели дигари эҳтиром нисбат ба устодон аст. Бузургони дунёи адаб омӯзгорро «машъалафрӯзи маърифат», «махзани илму дониш» ва «раҳнамои боэътимоди ҷомеа» хондаву равшании рӯзгорро бо ҳастии ӯ тавъам донистаанд”.
Сипас, Қурбонов Некрӯз, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг дар мавзуи “Омӯзгорӣ касби пуршараф аст”, Табаров Сайдалӣ, донишҷӯи курси 1- уми факултет дар мавзуи “Бузургии устод”, Ҳамидова Сабрина, донишҷӯи курси 2 – юми факултет дар мавзуи “Бузургон дар ситоиши забон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Инчунин аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи забони давлатӣ ва омӯзгор манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир мизи мудаввар бо як суруди зинда дар васфи устод аз ҷониби Сангова Арафамо, донишҷӯи курси якуми факултет ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment