
Дар конфронс сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Саидова Нилуфар, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ Қувватова Муҳаббат, муаллими калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ Назарова Рухшона ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи забон шодбош гуфтанд. Баъдан мудири кафедра Қувватова Муҳаббат қайд намуданд, ки “Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд. Аз рӯйи баҳои сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсии давлатдорӣ муайян мегардид. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони баландпояи давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият, тадбирҳои давлат оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои онҳо сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам меорад. Роҳи расидан ба сиёсати устувори забон дар кишвари мо нотакрор аст. Хоҳем, ки аз ин дастоварди нодир манфиатҳо бардошта бошем, аз ҷониби дигар, онро чун падидаи арзишманд ба халқият ва миллатҳои кишварҳои истиқлолхоҳ манзур намоем, роҳи тайкардаи Тоҷикистонро таҳқиқ бояд кард”.
Сипас, муаллими калони кафедра Муҳаммадҷони Абдувоҳид дар мавзуи “Андар баёни эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мақоми сухан ва забони модарӣ” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи забон ва як саҳначаи тарбиявӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.