Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

by admin
143 views
 Санаи 5-уми октябр дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи илмҳои компютерӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, ҷонишини декан оид ба таълим Нодиров Комил, ҷонишини декан оид ба тарбия Ашурова Саодат, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо, мудири кафедраи методикаи таълими информатика, Сафаров Сайтоҷиддин, мудири кафедраи методикаи таълими физика, номзади илмҳои физика Парвинаи Усмон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, суханро декани факултет, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор шодбош гуфта, қайд намуданд: “Бузурге гуфааст, муаллимӣ касб нест, муаллимӣ ишқ аст, агар онро воситаи рӯзгузаронӣ қарор додаӣ, раҳояш кун, агар ишқи туст, муборакат бошад. Оре, дуруст гуфтааст, муаллимӣ ишқест, ки ба қалби инсоне, ки воқеан ин касбро дӯст медорад, ворид мегардад ва дигар ҳамеша бо ӯ мемонад. Муаллимӣ ишқ аст, ишқе, ки сарчашмааш дӯст доштани кӯдакон аст. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад”.
Сипас, Толибова Зебо, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Устоди аввалини ман”, Оятуллои Сулаймон, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Забон-ҳастии миллат” баромад намуданд. Инчунин, аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи забони давлатӣ ва омӯзгор манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment