Home ХАБАР «ҶОНИБҲО РОЗӢ ШУДАНД, КИ ОТАШБАС ШАВАД.” МУЗОКИРОТ ДАР МАРЗ

«ҶОНИБҲО РОЗӢ ШУДАНД, КИ ОТАШБАС ШАВАД.” МУЗОКИРОТ ДАР МАРЗ

by admin
123 views
Баъд аз даҳ соати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҷонибҳо музокирот кардаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд пас аз зуҳри 16-уми сентябр дар хабарномае гуфт, музокирот дар дидбонгоҳи гумрукии «Равод» дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷараён гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.
Дар музокироти ду кишвар вазирони корҳои дохилӣ ва раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон низ ширкат доштаанд.
Дар бораи ҷузъиёти музокирот чизе гуфта нашудааст. Дар хабари расмии ҳукумати Суғд танҳо омадааст, “зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад.” Аммо маълум нест, оташбас кай эълон мешавад.
Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр оғоз шуд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро сабабгори ҷанҷол медонанд.
Тоҷикистон дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо оморе надодааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни даргирӣ беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.

Related Articles

Leave a Comment