Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ДИНИ ИСЛОМ ИРТИБОТЕ НАДОРАД

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ДИНИ ИСЛОМ ИРТИБОТЕ НАДОРАД

by admin
229 views

«Яке аз падидаҳои дунёи муосир раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки бо вуҷуди паҳлуҳои муфиду мусбати он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти башарият барои иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд таъсири ҷидии манфӣ низ дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм ва экстремизм дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои бузург монеи рушди иқтисодӣ ва омили бузурги тафриқа ва низоъҳои геопалитикӣ гашта аст.

Имрӯз инсоният бо таҳдидҳои нав, терроризми байналмилалӣ, аслиҳаи қатли ом, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, гармои умумии саёравӣ ва бемориҳои сирояткунанда рӯбарӯ гашта истодааст. Тоҷикистон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ буда, саҳми хешро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм гузошта истодааст. Дар баробари ин мо зарурати бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои бавуҷудоварандаи терроризмро, ки аз камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани сатҳи маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофоти фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои байналмилалӣ ва суханрониҳои хеш бо роҳбарони давлатҳо, аҳли қалам, ҷавонон, зиёиён ва дар вохӯриҳо бо аҳолӣ пайваста дар бораи решадавонӣ ва таъсисёбии терроризм ва экстремизм ҳушдор дода, онҳоро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум менамоянд.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти аносири марзӣ ва меҳварии терроризм ва экстремизм бузург аст. Аз нуктаи назари ӯ терроризм ва экстремизм хоси ягон динҳои ҷаҳонӣ набуда, аз ҷумла ягон иртибот ба дини мубини ислом надорад, балки таълимоти ҳама динҳои ҷаҳонӣ зидди хушунат, тундгароӣ, амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ буда, ҷавҳари таълимоти онҳо аз омили худшиносӣ, дӯстию бародарӣ ва муҳаббату эҳтирми инсон иборат мебошанд. Имрӯзҳо ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ мехоҳанд, ки ҳадафҳои худро дар фазои иттиллотии ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи исломӣ маънидод ва муаррифӣ намоянд ва бадин васила амалҳои ғаразноки худро ҷорӣ намоянд.

Ислом ва мардумро аз тамаддуни башардӯстонаи ҷаҳонӣ ҷудо карда, ба падидаҳои ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани дини мубини ислом, ки аз рӯи инсофу адолат нест, балки таҳдиди рӯи рост ва иштибоҳи бузург аст. Терроризм ва экстремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард. Ин падидаҳои номатлубро ба ягон дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом нисбат додан нодуруст аст. Кирдору гуфтори гурӯҳҳои тундгаро ва нерӯҳои экстремистӣ дар зоти худ хиёнати таърихӣ ва нобахшиданӣ ба дин, таърих ва сирати озодаву сулҳпарварии инсон аст.

Бояд қайд намуд, ки амалҳои террористӣ ва кирдорҳои экстремистӣ дорои шева ва анвои гуногун буда, аз ҷониби ҷинояткорон бо усулҳои махсус иҷро карда мешаванд. Тавре ба мушоҳида мерасад, амалҳои террористӣ нисбат ба шахсиятҳои сиёсатмадор, рӯҳониён, пешвоёни илму дониш, сарлашкарони маъруф ва фарзандони онҳо, низомиён, мулкдорон, кормандони мақомоти интизомӣ ва қудратӣ аз ҷониби мухолифони онҳо истифода мешавад.

Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пеш аз зуҳури дини мубини ислом дар шакли куштори сиёсӣ ва ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ дар байни қавм ва халқиятҳои мухталиф дида мешаванд. Мисол, падари сарлашкари машҳури юнонӣ Александри Македонӣ 430 сол қабл аз мелод бо роҳи террор ба қатл расонида шуд. Шахсиятҳои машҳури дини ислом Умари Форуқ ва Алӣ ибни Абутолиб, инчунин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд ва собиқ президенти Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ бо роҳи террор ба қатл расонида шуданд. Дар асри ХХI терроризм моҳият ва характери васеътар касб намуда, террористон бо роҳи худтарконӣ, бомбагузорӣ дар воситаҳои нақлиёт ва хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, мактаб ва кӯдакистонҳо, гаравгонгирӣ, таркондан ва ё заррар додан шахсиятҳои бегуноҳро ба қатл мерасонанд.

Вақтҳои охир ба воситаҳои ахбории фаромиллии ҷаҳон баъзе гурӯҳҳо кӯшиш менамоянд, ки терроризм ва моҷароҷӯӣ барин таҳдидҳои ба инсоният ҳалокатворро ба дини муқаддаси ислом нисбат диҳанд. Чунин шарҳи масъала моҳияти инсонпарварии исломро таҳриф намуда, дини мазкурро ба ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун манбаи бадӣ ва зуроварӣ муарифӣ менамояд, бо ҳамин нисбат ба тамоми мамлакатҳои мусалмон ҳисси бадбинӣ бедор карда, ғайри ихтиёр аз равияҳои неофашистӣ ва шофинистӣ дастгирӣ карда мешавад.

Мо бори дигар таъкид менамоем, ки амалиёти террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони бераҳму сангдил мебошад, ки ташнаи ҳокимият ва сарват буда, амалан ба дини муқаддаси мусалмонон – Ислом ягон умумият надорад. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ дини зуроварӣ нест, одамонро ба раҳму шавқат ҳамдардӣ ва сулҳу созгорӣ даъват менамояд. Имрӯзҳо созмонҳо ҳизб, ва ташкилоти экстремистию террористӣ дар кишварҳои Яман, Миср, Ироқу Сурия, Покистон ва Авғонистон доман паҳн намуда аз бесаводӣ ва каммаърифатии ҷавонони исломӣ истифода бурда, бо дасти худи мусалмонон пешвоён ва уламои исломиро террор намуда, дини мубини исломро бадном месозанд ва онҳоро ҳамчун сарчашмаи хушунат ва низоъ дар арсаи байналмилаӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ якчанд ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ Алқоида, ДИИШ, Толибон, Иттиҳодияи экстремистӣ салафия, Ҳизби исломи Туркистони Шарқӣ, Ансоруллоҳ, Ҷиндуллоҳ, Лашкари Тайба, Иттиҳодияи исломӣ, Ан – нусра, «Ҳизб-ут-таҳрир» ва дигар ташкилоти террористӣ усулҳои асосии фаъолияташон амалҳои террористӣ ва рақибонро бо роҳи террор ва бадтарин шеваҳои ҷангӣ нест мекунанд. Ин ташкилоти ҷинояткорони байналхалқӣ маҳсули тафаккури исломӣ нест, балки он дар асоси нақша ва барномаҳои сирф террористони иғвоҷӯ тарҳрезӣ гашта, бунёд ёфтааст. Ҷинояткорони такфирӣ ва ифротии ташкилоти террористӣ мусалмононро забҳ намуда, бо усулҳои гуногун (гарданбурӣ, зинда оташ задан ва зери хок кардан ва ғ.) инсонҳоро ба ҳалокат мерасонад. Усули рафтор ва кирдорҳои террористон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо мусалмон набуда ва ягон меъёр ва арзиши динӣ барои онҳо эътибор надорад.

Ҷиноятҳои сангин ва махсусан вазниние, ки ташкилоти террористии ДИИШ ва ҳампаймонҳои он дар қаламрави Ироқ, Сурия ва дигар давлатҳои даргир аз номи «Аллоҳ» ва «Ислом» анҷом додаанд, сад дар сад амал ва кирдорҳои ифротӣ ва террористӣ буда, омили бадномкунандаи дини поки ислом мебошанд. Ин далоил аз он шаҳодат медиҳад, ки афроди бо ном муҷоҳиди созмон ва ҳизбҳои ба ном динӣ одитарин иртибот ба динӣ мубини Ислом надошта, балки назди онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Қуръон арзиш ва эҳтиром надоранд.

Аз ҳамин лиҳоз амал ва кирдорҳои террористон хилофи таълимоти дини ислом ва зидди конвенсияҳои ҳуқуқи башар буда, набояд ҷавонони мусалмон шомили созмон, ҳизб ва ташкилоти ифротӣ ва террористӣ шаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш нисбати таъмини бехатарии минтақа ва дафъи раванди ифротгароӣ ва иғвоангезии созмонҳои такфирӣ ва ифротӣ чунин таъкид намуданд. «Бо назардошти минтақа ва муноқишаҳои атрофи он ба халқи тоҷик ва вакилони мардумӣ, алалхусус, сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли қалам ва кормандони Воситаҳои Ахбори Омма инчунин ҷавононро лозим аст, ки фарҳангӣ воло, маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, гирифтори бегонапарастӣ, тарғиботи ифротгароёнаи динию ғояҳои экстремистӣ, терроризму зуроварӣ ва идеологияи таҳмилёфтаи доираҳои ғаразноки кишварҳои дигар нашаванд».

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз қасду ниятҳои нопокӣ ташкилоти террористӣ огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ руҳафтода нагарданд. Шукргузорӣ аз соҳибдавлат будани хеш ва бо андеша дар миқёси даҳсолаҳо фаъолияти созандагию бунёдкориро ба нафъи Ватани маҳбуб, ба нафъи наслҳои оянда дилпурона идома диҳанд.

Рустам Шарипов, сарнозири департаменти тарбияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment