Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ СУЛҲУ АМНИЯТ ОМИЛИ БАРҲАМ ЗАДАНИ ТЕРРОРИЗМ

СУЛҲУ АМНИЯТ ОМИЛИ БАРҲАМ ЗАДАНИ ТЕРРОРИЗМ

by admin
166 views

Сулҳ беҳтарин неъмати инсонҳо ба шумор рафта,истифодаи он амният оромии халқ,пешравии зиндагиро амалӣ месозад.

Мутаъсифона афрод ва шахсоне,ки барои ба даст овардани манфиати худ ҷомеаи ҷаҳониро бо амалҳои нопок  халалдор мекунанд.   Ҷомеаи муосир тақозои онро дорад,ки дар кадом ҳолате набошад ҳушёр буда,дасти якдигрро гирифта,амният ва сулҳу осоиштаро аз даст надиҳем.Истиқлолияте,ки муддати 30-соли аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдигарфаҳми ваҳдат бахшидани гуноҳи якдигар,барҳам задани маҳалгароӣ, сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст.Бояд мо ин неъмати бузургро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ намоем.Ба ҳамаи мову шумо маълум аст,ки дар даҳсолаи охир таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки кишвари ҳамсарҳади мо  Афғонистон аз тарафи толибон ба даҳшати ҷанги дохилӣ гирифтор шуданд.Қисми зиёди аҳолӣ бе сарпаноҳ,бе маош,аз гуруснагӣ азобу машақат мекашанд.Мақсади террор яку якбора таҳдид кардан нест,балки муддати хеле зиёд нақша кашида,шахсони аз ақл бегона,шароити иқтисодияш паст,бе маълумотро ба худ ҷалб намуда баъд ба ҳуҷум мегузаранд.Фаъолияти терроризм асосан тавассути ташвиқоту таблиғот,ҳавасмандгардонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ,бо технология таъмин намудан дар охир бо низои мусаллаҳона сурат мегирад.Аслан ба ин гурӯҳ ҷавонони ба балоғатрасида,аз оилаҳои носолим,фарзандони аз падар ё модар дур буда шомил мешаванд.Дурустар назорат кунем ҷавононе,ки таҳсил ва кору фаъолият намекунанд аз назари падару модар,ҷамъият дур мондаанд ба гурӯҳҳо шомил шуда метавонанд. 

Вожаи калимаи терроризм даҳшат,ҳарос буда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри 18-ҳангоми Инқилоби бузурги Фаронса истифода шудааст. Террор як навъи сиёсат, ё амали нопок иборат аз таҳдид фишороварӣ,зурӣ нисбати шахсони алоҳида ва низоми идоракунии он буда ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Аммо бо вуҷуди ин наметавон онро ба як тараф гузошт,дар якҷоягӣ садди роҳи он шудан лозим.Лекин ба осонӣ аз байн бурдани он ба даст намеояд.Зеро бо вуҷуди характери бисёр соҳа доштанаш,боз омили ба вуҷудоӣ дар дохили як давлат мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшавннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.Фаъолияти экстремистӣ аслан таввасути гирифтори тарс ва даҳшат месозад. Мақсади гурӯҳҳои террористӣ ба воситаи расонаҳои иттилоотӣ гумроҳ кардани халқ сурат мегирад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки дар соли 2020 дар ҷаҳон 13056 амалиёти террористӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар охирҳои асри хх ва аввали асри 21амалиёти террористӣ хеле афзоиш ёфтааст.Мо омӯзгорон ва донишҷӯён таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   «Зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем»  сармашқи кори худ намуда, тоҷикистони бо амнияту осоиша бударо ҳамчун обу нон ва гавҳари чашм нигоҳ дорем.

Бунавша МИРЗОЕВА, номзади илмҳои педагогӣ, саромӯзгори кафедраи таҳсилоти ибтидоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment