Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАРБИЯИ ОДОБУ АХЛОҚИ ҶАВОНОН АЗ НИГОҲИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ

ТАРБИЯИ ОДОБУ АХЛОҚИ ҶАВОНОН АЗ НИГОҲИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ

by admin
254 views
Дар Қуръон пос ва муҳтарам доштани падару модар чун вазифа ва қарзи ҳар як муъмину муъмина борҳо таъкид шудааст.
Инсон бояд бо волидайн итоат кунад ва дар вақти зарурату ниёзмандии онҳо бояд ёриву мадад расонад. Ва Парвардигор муқаррар кард, ки ҷузӯ касеро напарстед ва ба падару модар некӯӣ кунед, агар яке аз он ду ё ҳарду дар пеши ту ба пирӣ расанд, он дуро сухани неку ва латиф бигуй. Сураи ал-Исроъ, ояти 23. Итоат ва посдории падару модар амри мутлақ нест. Фарзанд вазифадор аст ,ки волидаӣнро итоат кунад? Дар кадом дину мазҳабе набошанд! Агар волидайн ба роҳи хато раванд ва ба яктоии Худо шаковаранд, ту онҳоро метавонӣ фармонбардорӣ накунӣ. Ва инсонро бифармудем, ки ба падару модар некӣ кунад ва агар он ду бикушанд, то ту шарике барои ман бигирӣ – он чӣ туро дар он донише нест – ишонро фармон бардорӣ макун. Сураи ал-Анкабут, ояти 8.Маҷмӯи қонунҳои ахлоқии исломӣ, метавон гуфт ҳамон нормаву нуқтаҳоеро дар бар гирифтааст, ки онҳо барои кулли мусулмонон маълум буд.
Қисмати асосии онҳо чунон ки имрӯз мебинем, аз хазинаи ноби арзишҳои ахлоқии умуми инсонӣ гирифта шудаанд. Виҷдон, шараф, шаҳодат (иҷозати нафс), вафо бар қавл, диловарӣ, ҷавонмардӣ ва мафҳумҳои дигар ҳанӯз то ташаккули Ислом, ҷойгузини зиндагии инсонӣ шуда буданд, «Дузди макун», «Қатл макун», «Дурӯғ магӯ», «Ҳалол бихӯр», «Наздикони хешро дӯст бидор», «Падару модарро эҳтиром намо», «Инсонро дар мусибат магузор», «Хайрандеш бош» барин таъкидҳоро аз ин Китоби муқаддас метавон дарёфт намуд.Маҷмӯи қонунҳои ахлоқии исломӣ, метавон гуфт ҳамон нормаву нуқтаҳоеро дарбар гирифтааст, ки онҳо барои кулли мусулмонон маълум буданд. Қисмати асосии онҳо чунон ки имрӯз мебинем, аз хазинаи ноби арзишҳои ахлоқии умуми инсонӣ гирифта шудаанд.
Андешаҳои иҷтимоӣ ва инсондӯстии Шайх Муслиҳиддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ Ибни Мушрифиддин Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони барҷаста, насрнависи моҳир ва мутафаккири тоҷику форс ба шумор меравад. Саъдӣ аз хурдсолӣ ба омӯзиши илму адаб завқи беандоза дошта, баъди маълумоти ибтидоӣ таҳсилро дар мадрасаҳои «Низомия» ва таълимгоҳи дини асрҳои миёна мадрасаи Ал-Мустансирия ,ки дар асрҳои 13-14 дар Бағдод гузаронидааст. Баъд аз хатми таҳсил Саъдӣ муддати 20 сол ба мамлакатҳои Шарқ сафар карда, бо шайхони зоҳид ва дарвешони бесомон, ба тоҷирону роҳзанон ва кишоварзону ҳунармандон вохӯрда, ҳаёти табақаҳои мухталифи мардумро омӯхт, ҳамеша ба одамон, кирдору рафтор, орзую умеди онҳо мароқи зиёд зоҳир мекард. Ӯ ба ҳар шаҳре, ки мерафт, дар масҷиду бозор ва хонақоҳу мазорҳо мардумро дар гирди худ ҷамъ намуда, ба онҳо ваъз мегуфт, панду насиҳат медод. Саъдӣ дар суҳбатҳои худ масъалаҳои ахлоқ, ҳикмати амалӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро муҳокима мекард ва фикри худро бо мисолҳои ҳаётӣ, манзараҳои зиндагии воқеӣ, масалу мақолҳои халқӣ тақвият медод. Суҳбатҳои Саъдӣ бо ҳикоёти дилчаспи ҳақиқӣ табдил ёфта, оқибат ба «Бӯстон» — у «Гулистон» — и ӯ дохил шудаанд. Саъдӣ бо донишу таҷрибаи фаровони зиндагӣ, ки дар натиҷаи омӯзиши ҳаёти табақаҳои мухталифи ҷамъият ва халқҳои мамлакатҳои гуногун ҳосил карда буд, баъди бозгашт аз сафар (соли 1257) ба эҷоди асарҳояш машғул шуд.Мароми асосии шоир дар асарҳояш тарғиби ғояҳои панду ахлоқӣ, инсофу адолат, ахлоқи ҳамида ва ишқи пок аст. Ишқи зебоии инсон бештар дар ғазалиёти шӯрангези шоир тараннум ёфтаанд. Саъдӣ зуҳуроти ҳақиқии ҳаёти маънавӣ — хушбахтии хушҳолӣ, ғаму андӯҳ, дарду дармон, орзую умед ва эҳсосу ҳаяҷони инсонро дар ғазал устодона ва санъаткорона тасвир кардааст, ки онҳо дар ҳар ҷо ва дар ҳама замонҳо мардумро ба ҳаяҷон овардаанд. Қатъи назар аз ҳамаи ниятҳои неки мутафаккир орзуи одамонро хушбахт гардондани вай иҷронашаванда буданд. Дар шароити ҷамъияти истисморӣ ҷорӣ шудани панди Саъдӣ:
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,
Бо кас макун, эй бародари ман.
Умеди беҳосил ва хаёлоти ботил буд. Ин маҳдудияти ғоявии Саъдӣ дар гуманизми ӯ ошкортар аст. Аз рӯи раҳму шафқат ба халқ Саъдӣ роҳеро меҷӯст, ки ба қадре вайро аз эҳтиёҷоти моддӣ ва зиндагии ҳақирона раҳонад. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист, ки ба воқеияти ҳодисаҳои мураккаби ҷамъиятӣ сар фаҳм рафта, сабаби бадбахтиҳои иҷтимоиро дар истисмори бенавоён бинад:
Ҳаромаш бод ба бадаҳди бадандеш,
Шикам пур кардан аз паҳлуи дарвеш.
Шикам пур заҳри мораш боду каждум,
Ки роҳат хоҳадандар ранҷи мардум.
Саъдӣ нисбати ҳаромхӯрон, бадандеш, ки аз ҳисоби дарвешон, бечорагон, ятиму бепарасторон шиками худро пур мекунанд, заҳри мору каждум хӯрданашонро авлотар медонад. Чунин аҳвол, яъне истисмор, зулму тааддӣ нисбати бенавоён, бечорагон, ятиму бепарасторон, аз ранҷи дигарон савлат рондани табақаи болоии ҷамъиятро сахт мазаммат мекард.Дар тамоми ашъори Саъдӣ ҷиҳати инсонпарварӣ, раиятпарастӣ, дӯст доштани ҳамаи одамон новобаста азмиллат, рангупӯст, дину мазҳаб, нажод ва ғайраҳо эҳсос карда мешавад.Инсон парварии Саъдӣ бо ин маҳдуд намешавад. Ӯ тамоми башариятро чун пайкари ягонае мешуморад, ки тамоми навъи одам узви ҷудонопазири он мебошанд. Аз ин ҷиҳат, ғамхорӣ ба тамоми фарзандони одам, сарфи назар аз нажоду ирқ ва дину мазҳаби онҳо, дараҷаи баланди инсондӯстист. Саъдӣ инсони аз ғами дигарон бепарворо одам намедонад.
Бани одам аъзои як дигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
(Гулистон)
Зимнан бояд қаӣд кард,ки Сарвари давлат бо фаъолияти ҳамарузаи пурсамари худ паӣваста ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида , мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба ватанпарастию миллатдустӣ ,қадршиноси сулҳу ваҳдати миллӣ расидан ҳидоят менамояд. Имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувиӣти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.
“ Бо дарки ҳамин масъала Пешвои миллат изҳор медорад,ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, бароӣ ҳимояи он омода будан , ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ расидан , шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд , ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем”.Ба таъкиди Пешвои миллат, “ зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум , аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад”.Фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии хар як қавму миллат ба шумор рафта , дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия дар баӣни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад. Таълиму тарбия вақте поӣдор хоҳад монд, ки хусусиятҳои миллӣ дошта , нигаҳдори арзишҳои таърихии мо,равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллиӣ бошад. Ҳар як қадами устуворе, ки дар ин ҷода гузошта мешавад, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани семинару конфронсҳои муфид миёни олимону коршиносон ва ҷавонони кишвар аст.Фарҳанги тоҷикӣ танҳо ҳосили имрӯза набуда , натиҷаи заҳматҳои аҷдодони мост. Мо тоҷикон , аз ҷумлаи халқиятҳои баландтолеъ ва сарфарозе мебошем , ки фарҳанги бою ғаниамонро ба хизмати ҷомеаи имрӯза равона кардаем. Фарҳанг ҷамъбасти ҳама рафтору кирдори инсонӣ, аз ҷумла , одоби муошират , таомхӯрӣ, роҳравӣ, либоспушӣ, андешаронӣ ва муколамаю мубодиларо дар баӣни мардум ифода менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқии ҷавонон бояд дар заминаи эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, рукнҳои истиқлолияти давлат, арзишҳои умумбашарӣ ба роҳ монда шавад. Беҳтарин фарҳангофарони миллати тоҷик тавонистаанд, ки бо асарҳои оламшумули худ миллати моро дар баӣни дигар қавмҳо муаррифӣ карда , то ба имрӯз расонанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино ,Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Аӣнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи эшон+анд. Дар осори ин нобиғагони миллат беҳтарин анъанаҳои фарҳанги миллӣ тавсиф карда мешаванд ва дар тарбияи ҷавонон таъсири равшане доранд.Адибони бузургӣ мо ба масъалаи тарбияи меҳнат диққати махсус дода, омухтани илму маърифатро дар ҷоӣи асосӣ гузоштаанд. Аз мутолиаи мероси гаронбаҳои онҳо ошкор аст, ки фарҳанг мояи аслии ҳувияти миллат аст, фарҳанг метавонад миллатро пешрафтаю навовар ва соҳиби обрӯӣ ҷаҳонӣ гардонад.
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯӣ бар ин ганҷнеҳ.
Фармудааст Одамушшуаро Рӯдакӣ.
« Фарҳанг паӣвандагари наслҳо буда, ҳофизаи таърихии миллатро устувор медорад, фарзандони ӯро ба сӯӣ арзишҳои солим ва ибратбахши ҷомеаи башарӣ ҳидоят менамояд».
Дилшод БОБОЕВ ассистенти кафедраи фанҳои «Сиёсатшиносӣ »-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment