Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ

by admin
172 views
Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 77-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи қариб 30 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Роҷеъ ба ин мавзуъ имрӯз дар факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Абдураҳмонова Гулчеҳра, муаллимаи калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ мизи мудаввари илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Аҳамияти оламшумули таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ” бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба баргузор гардид.
Дар ин чорабини Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Назарзода Пиралӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, Абдураҳмонова Гулчеҳра, муаллимаи калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Каримов Исроил, ҷонишини декан оид ба тарбияи факулта, Шоинов Ҳасан, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Носиров Хол, муаллими калони кафедраи мазкур, Сафаров Холмад, муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро Абдураҳмонова Гулчеҳра оғоз намуда ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯз табрику таҳният намуданд ва қайд карданд, ки “Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.” Сипас, Қурбонова Идимо, донишҷӯи соли сеюми факулта дар мавзуи “9-уми май Рӯзи Ғалаба” маърӯза намуданд. Баъдан аз ҷониби Дилрабои Қодир, донишҷӯи соли чоруми факулта шеъри “Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат ба таври зинда қироат гардид ва ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён саҳначаи пурмазмуну муҳтаво бо номи “Саҳнае дар фронт” пешниҳод гардид.
Дар фарҷом доир ба баргузории мизи мудаввар омӯзгорон Носиров Хол, Ҳасанов Шоин, Сафаров Холмад ва Назарзода Пиралӣ ибрози андеша намуданд ва ба ташкилкунанда ин вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ баён карда баҳои баланд доданд.

Related Articles

Leave a Comment