Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ САРОМӮЗГОР

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ САРОМӮЗГОР

by admin
120 views
Дар воқеъ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама вақт барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад.
Аз ин рӯ имрӯз дар толори варзишии бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмони ва методикаи таълими он Фозилов Субҳон баргузор гардид.
Дар дарс Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, Нурматов Шарофиддин, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он, Саидов Парвин, саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи он, Набиев Ризвон ассистенти кафедра ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро саромӯзгори кафедра Фозилов Субҳон оғоз намуда, дар бораи, моҳияти бозии баскетбол ва усулҳои ба ҳалқа андохтани тубро дар бозии баскетбол ба донишҷӯён фаҳмониданд. Сипас аз тарафи донишҷӯёни факулта як бозии баскетбол, ки ном гирифта буд Моку гузаронида шуд.

Related Articles

Leave a Comment