Home ХАБАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТА ТАҲСИЛКУНАНДА

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТА ТАҲСИЛКУНАНДА

by admin
189 views
Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ноиби ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам бо донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Абдусамадзода Эраҷ номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултет, Рузиева Барно мутахассиси шӯъбаи тарбия, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба тарбия ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ огоҳ шудан аз шарту шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ ва инчунин ҷамъбасти сесияи санҷишию имтиҳонотии зимистона буд. Ноиби ректор қайд намуданд, ки дар ҳама ҳолат бо шумо ҳамкорӣ мекунем ва дар мушкилатон расидагӣ менамоем.
Вохӯрӣ дар муҳити озод гузаронида шуд ва донишҷӯён ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment