Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
206 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд.
Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”-и кафедраи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб рафта, имрӯз дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистика, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба таълими факулта ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст суханро мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид оғоз намуданд. Сипас, Тошматов Умар, донишҷӯи курси якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Мусоҳиба ва тарзҳои гузаронидани он” ва Нигораи Ҷумахон, донишҷӯи соли аввали факулта дар мавзуи “ Журналистика ҳамчун касб аз байн меравад?” баромад намуданд.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон” яке аз беҳтарин маҳфилҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта моҳе ду маротиба бо шунидани ду маърӯза баргузор мегардад. Дар маҳфил ба ғайр аз омӯзгорони донишгоҳ инчунин, журналистони шинохтаи минтақаи Кӯлоб низ ширкат меварзанд.

Related Articles

Leave a Comment