Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС”

by admin
303 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд.
Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Забоншинос”-и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб рафта, имрӯз дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил Муҳаммадҷони Абдувоҳид, ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст суханро роҳабри маҳфил Муҳаммадҷони Абдувоҳид оғоз намуданд. Сипас, Парвонаи Хайрулло, донишҷӯи соли дуюми факултаи химия, биология ва география дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши хат ва қадимтарин хатҳои тоҷикон” ва Абдуллоева Сарвиноз, донишҷӯи соли дуюми факултаи химия, биология ва география дар мавзуи “Қоидаҳои пайванд гардидани ҷузъҳо дар исмҳои сохта ва мураккаб дар забони тоҷикӣ” баромад намуданд.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Забоншинос” яке аз беҳтарин маҳфилҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта моҳе ду маротиба бо шунидани маърӯзаҳо баргузор мегардад.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment